Палатаи ҳисоб: Фаъолияти Бонки миллӣ фоидаовар шудааст
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, санҷиш ва таҳлилҳои ахир нишон медиҳад, ки фаъолияти Бонки миллӣ дар қиёс ба солҳои қабл беҳтар шудааст.
Файзалӣ Аҳмадзода, сараудити Палатаи ҳисоб имрӯз, 3 август дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, агар дар гузашта Бонки миллӣ бар зарар фаъолият мекард, аммо санҷишҳои соли 2016 нишон дод, ки фаъолияти ин бонк фоиданок шудааст. Ӯ афзуд, ҳоло захираҳои молиявӣ дар Бонки миллӣ 37 дарсад афзоиш ёфта, масъулини ин ниҳоди молӣ тавонистаанд, сатҳи таваррумро дар сатҳи муътадил нигоҳ доранд. Аммо бовуҷуди ин, ҷаноби Аҳмадзода таъкид кард, дар пайи санҷишҳо дар Бонки миллӣ як миллиону сад ҳазор сомонӣ камбудӣ ошкор шуда ва ин маблағҳо аллакай барқарор гардидаанд.
Сараудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар идома афзуд, дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳам камбудиҳои зиёд ошкор гардидааст. Ӯ камбудиҳои ҷойдоштаро ба сатҳи пасти мудирият дар чунин ташкилотҳо арзёбӣ карда, афзуд, ҳамин ҳолат сабаби аз фаъолият мондани чандин ташкилотоҳои қарзии хурд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |