Президент ҳунари ҷангиашро ба намоиш гузошт (видео)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар размоишҳои низомие, ки 1 август дар наздикии Ишқобод доир шуд, ширкат кард. Вай ба роҳбарони ниҳодҳои низомӣ тарзи истифодаи силоҳ ва шамшерро омӯзонд. Дар навори шабакаи телевизионии "Асри тилоӣ" Бердимуҳаммадов бо либоси низомӣ сабт шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки вай аз снайпер тир мекушояд ва ба нишон мерасад. Роҳбарони ниҳодҳои низомӣ низ дар навор сабт шудаанд, ки ҳунарҳои раисҷумҳурро истиқбол мекунанд.
Бердимуҳаммадов соли 2007 баъди марги Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистон интихоб шуд. Вай табиби хоси Ниёзов буд. Бердимуҳаммадов ҳамчун варзишкор, сароянда, аспшинос ва дӯстдори чой машҳур шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |