Коҳиши теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Полковник Самад Зафар, муовини авали раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар имрӯз 7102 нафар нашъаманд сабт шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 83 нафар камтар мебошанд.
Самад Зафар, имрӯз 2-юми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бештари нашъамандон-2696 нафар дар Душанбе иқомат доранд, ки миёнашон 107 нафар зан мебошанд.
Ба иттилои манбаъ дар вилояти Суғд 1138 нашъаманд, аз ҷумла 45 зан ба қайд гирифта шудаанд: “Дар Хатлон 1304 нашъаманд (45 зан), дар навоҳии тобеи марказ 1155 нафар нашъаманд (8 зан) ва дар ВМКБ 809 нафар нашъаманд (3 зан) сабт гардидаанд”.
Муовини аввали раиси Агентӣ афзуд, аз шумори умумии нашъамандон 341 нафараш бевосита дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 3 нафарашон занон мебошанд.
Тибқи иттилои Агентӣ синни миёнаи бештари нашъамандон дар ҷумҳурӣ 35-59 буда, шумори нашъамандони аз синни 60 боло ба 96 нафар мерасад.
Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар нашасти қаблии ин ниҳод изҳор дошт, ки сари ҳар 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 83 нашъаманд рост меояд, ки нисбат ба давлатҳои дигар камтар мебошад: “Танҳо давоми соли 2016 560 нашъаманд табобат ёфтанд. Мо кӯшиш мекунем нафарони мубталои ин бемориро пайдо карда дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ табобат намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |