Бахшҳо

(ВИДЕО) Ато Муҳаммади Нур хостори бозгашти беқайду шарти Дӯстум ба дафтараш шуд

Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори ин кишвар хостори бозгашти беқайду шарти Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон ба дафтари кориаш шудааст. Ин дархости оқои Нур имрӯз, 1 август дар шаҳри Мазори Шариф дар нахустин гирдиҳамоии Эътилоф барои наҷоти Афғонистон садо додааст.

Аввалҳои моҳи июл Ато Муҳаммади Нур, Абдулрашид Дустум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва Салоҳиддин Рабонӣ дар Туркия аз ташкили Эътилофи наҷоти Афғонистон хабар доданд.

Абдурашид Дӯстум, ки муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳаст, баъди расонаӣ шудани қазияи Аҳмад Эшчӣ ва эҷоди мушкилоти дигар бидуни ин ки аз мансаб озод шавад, дигар ба дафтари кораш ҳозир нашуд ва ба Туркия ҳиҷрат кард. Бархе расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеи наздик ба Дӯстум гузориш доданд, ки фишорҳо бар ӯ рӯз ба рӯз бештар мешавад, то истеъфо бидиҳад ва ба Туркия биравад, аммо вай ин пешниҳодҳоро рад кардааст.



Он замон Рӯло Ғанӣ, ҳамсари раисҷумҳури Афғонистон ба рӯзномаи “Times”-и Лондон гуфта буд, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии “Ово”, хонум Ғанӣ ба “Times” гуфтааст, “қонун дар мавриди муовини аввали раисҷумҳур иҷро шуда, ҳанӯз дар хонааш аст, вале ба навъе дар зиндони хонагӣ қарор дорад ва дар амал кори расмии давлатӣ анҷом намедиҳад”.

Қазияи Дӯстум баъд аз он дубора вориди ҷомеаи Афғонистон шуд, ки аз сӯйи Аҳмад Эшчӣ аз мухолифони сиёсиаш, муттаҳам ба бадрафтори ҷинсӣ ва одамрабоӣ шуд. Ин масъала ҷанҷолҳо ва мушкилоти бисёреро барои Дӯстум ба бор оварда, ӯро мунзавӣ кардааст. Ҳоло парвандаи иддаоҳои Эшчӣ дар мавриди Дӯстум таҳти баррасӣ қарор дорад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)