Низоми нави толингӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ
Душанбеи 31 июл филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ё IRS дар Тоҷикистон дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, плазаҳои нав дар 2 марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ фаъол шаванд. Сипас, плазаҳои толингии Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ хоҳанд кард.
Бино ба иттилои намояндагони IRS, ҳамзамон лоиҳаи ҷадид оид ба ҷорӣ кардани системаи нави электронии толлингӣ татбиқ гардида, тамғаи молӣ (бренд)-и филиали ширкат низ иваз шудааст.
IRS ҳафт сол қабл нигоҳдории шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанок, ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли Тоҷикистонро бар зимма гирифт.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |