Қодирӣ: Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар қиёс ба 2 соли пеш гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ коҳиш ёфтааст.
Ҷаноби Қодирӣ дар нишасти ахири хабариаш дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, ки “имрӯз гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ дар кадом сатҳ қарор дорад”, гуфт, ин раванд дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Ба таъкиди ӯ, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мизони гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рӯ ба коҳиш аст. Далели ин ба қавли раиси вилоят, ин аст ки “ба ҳамон марказаш кор карданд. Суханҳое, ки ба ҷавонон мегуфтанд, ин ҷо зиндагии тиллоӣ асту бо ҳамроҳии фарзанду завҷаат биё, ин хел гапҳо тамом шуда рафт. Ал-Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад. Барои ҳамин, албатта ин таъсири мусбии худро барои кам кардани он расонида истодааст”.
Ба иддаои Абдураҳмон Қодирӣ, феълан дар вилояти Суғд анқариб гароиши ҷавонон ба ин равияҳо дида намешавад: “Ҳоло танҳо ҳолатҳоеро ошкор карда истодаем, ки солҳои пеш ҷавонон аз ҳудуди давлатҳои дигар ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Аз рӯйи маълумоти ба дастомада, ин ҷавононро боздошт намуда истодаем. Лекин шомилшавии нав мисли 2 соли қабл ҳоло нест. Ба фикрам дигар намешавад. Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам, ки ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки чанд кас нобуд шуду чанд кас монд? Ҳоло мо маълумоти дақиқ надорем, чунки ба Сурияву Ироқ алоқа нест, кӣ мурду кӣ монд, мо намедонем? Барои ҳамин, маълумоти дақиқ нест. Онҳое, ки сарҳардро гузашта, омадаанд, бо онҳо суолу ҷавоб карда истодаем”.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд 17 январ аснои нишасти хабарии солонааш ба журналистон изҳор дошта буд, 322 сокини шимоли кишвар дар ҷангҳои Сурия қарор дорад. Ў гуфт, аз ин теъдод 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон рафтаанд. Миёни сокинони Суғд, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 28 духтар низ будаанд. Теъдоди ҳалокшудаҳо ба 51 нафар мерасад. Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 сокини Суғд иштирок доранд.
Аммо дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Афғонистони ҳамсояро яке аз хатарҳои бузургу ҷиддӣ тавсиф кард: “Ҳамаи шумо хондед, ин хатари калони ҷиддӣ ҳаст. Инро роҳбарияти ҷумҳурӣ, давлатҳои СПАД медонанд ва инро мо ба ҳар бобат пешгирӣ мекунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |