ВИДЕО: Муҳлати фурӯши “Сементи тоҷик”, Хоҷаобигарм ва “Гулистон”-ро тамдид карданд

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, муҳлати фурӯши се корхонаи бузурги кишвар тамдид шудааст.
Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз, 31 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, муҳлати фурӯши корхонаҳои “Сементи тоҷик”, осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва корхонаи дузандагии “Гулистон” то поёни соли ҷорӣ дароз карда шудааст. Ӯ мушаххасан дар бораи далели тамдиди муҳлати фурӯши ин корхонаҳо чизе нагуфт, аммо таъкид намуд, ҳоло вобаста ба ин иншоотҳо корҳои барномарезӣ идома доранд. Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, корхонаи дузандагии “Гулистон” аз “Фононбонк” ва “Амонатбонк” қарздор аст ва айни замон сари ин масъала гуфтушунид идома дорад: “Вобаста ба қарзи ин корхона гуфтушунид рафта истодааст ва дар назар аст, то охири сол оид ба истифодаи минбаъдаи он ба мувофиқа бирасем. Корхона айни ҳол фаъолият дорад. Дар як қисми бино бо эҳтиёҷмандии корхонаҳои давлатӣ, як қатор корхонаҳои давлатӣ ҷойгир карда шудаанд ва дар қисмати дигар корхона фаъолияти пурсамар дорад”.
Дар ҳамин ҳол, Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар мавриди фурӯши осоишгоҳи Хоҷаобигарм гуфт, вазъияти ин корхона низ мисли “Сементи тоҷик” буда, тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ бояд хусусӣ шавад ва ҳоло он дар баррасии ҳукумат қарор дорад.
ҶСП “Гулистон”, ки дар гузашта ба соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов ва тоҷири укроинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, ба гуфтаи Наҷмиддинзода ба ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” табдили ном карда, ба тавозуни давлат гузаронда шуд. Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти қаблии ин ниҳод гуфт, давлат ду бор моҳи сентябри соли 2016 ва баъдан моҳи январи соли 2017 талош кардааст, ки корхонаи мазкурро бифурӯшад, аммо касе ҳозир нашудааст, онро бихарад: “Харидорон таваҷҷуҳ накарданд”.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе қаблан корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, миллиардери укроинӣ ва 5 дарсадаш ба Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |