(ВИДЕО) Сӯиистифода аз роҳбандию ночории мардум: Кӣ чиптаи “Сомон Эйр”-ро қимат кард?
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гунаҳкорони гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо дар рӯзҳои басташавии роҳи Душанбе-Хуҷандро эълон кард.
Ганҷалзода имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди то 1000 сомонӣ боло рафтани нархи чиптаи “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд гуфт, дар ин ҷо агентиҳои чиптафурӯшӣ гунаҳкоранд. Ба гуфтаи Ганҷалзода маҳз ширкатҳои чиптафурӯшӣ аз тармафароиҳо ва роҳбандии Душанбе-Хуҷанд сӯиистифода карда, нархи чиптаро боло бурдаанд: “Ширкатҳои ҳавоӣ манфиатдор нестанд, ки дар чунин ҳолатҳо нархро боло баранд, чун онҳо аллакай нархи номиналиро пештар муайян кардаанд”.
Муовини вазири нақлиёт ба шаҳрвандон маслиҳат дод, ки дар чунин рӯзҳо аз нуқтаҳои чиптафурӯшии назди “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” истифода намоянд, чун он ҷо сӯиистифода намешавад.
Аммо рӯзноманигорон изҳор доштанд, ки маҳз дар нуқтаи чиптафурӯшии “Сомон Эйр” рӯзҳои роҳбандӣ нархи чиптаи ҳавопаймо аз ҳадди 800 сомонӣ гузашта буд. Дар посух Ганҷалзода гуфт, одатан дар рӯзҳои парвоз нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад: “Тартиби ҷаҳонӣ аст, ки дар рӯзи парвоз нархи чиптаҳо боло мераванд. Тартиби ҷаҳонӣ аст, ки агар 80 фоиз чиптаҳо фурӯхта шаванд, нархи 20 фоизи дигар қимат мешавад”.
Инчунин Ганҷалзода иттилоъ дод, ки супориш дода шудааст, болоравии якбораи нархи чиптаи ҳавопаймо дар рӯзҳои роҳбандӣ таҳқиқ шавад.
Ин дар ҳолест, ки зимистони соли равон дар пайи тармафароӣ ва роҳбандиҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин самт якбора боло рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |