Раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар бораи бинои нави парлумон: Аз аввал бо Чин гуфтушунид доштем (ВИДЕО)

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд дар мавриди аз ҷониби Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ шудани бинои нави парлумон хабар надошт.
Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ имрӯз, 31 август дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар васоити ахбори омма хабарҳое нашр шуда буд, ки гӯиё бинои нави парлумон бо маблағи Арабистони Саудӣ бунёд мешавад. Аммо ба қавли вай, аз оғоз гуфтушунид барои сармоягузории бинои парлумон ва ҳукумат бо ҷумҳурии мардуми Чин сурат гирифта буд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли 2016 Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон омодагии кишварашро барои маблағгузории бунёди маҷмааи парлумонӣ баён дошта буд. баъдан расонаҳо навиштанд, ки Арабистон аз маблағгузорӣ даст кашидааст. 19 июли соли равон Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ақибнишинии Арабистони Саудӣ аз сармоягузории бинои нави парлумонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, маблағгузории ин биноро Чин ба уҳда гирифт. Ӯ афзуд, маҷмааи нави парлумони Тоҷикистон дар маркази пойтахт бо гранти 100 фоизаи Чин бунёд мегардад. Ӯ ҳаҷми гранти Чинро ҳудуди 230 миллион доллари амрикоӣ гуфт: “Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд”.
Ақибнишинии Саудӣ аз сохтмони парлумони Тоҷикистон: Худоро шукр, Чин грант дод (ВИДЕО)
Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бинои нави парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 8 га бунёд мешавад. Он дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ дар ҷойи бинои шаҳрдорӣ ва Вазорати кишоварзӣ қомат хоҳад афрохт. Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, пардохти ҷубронпулӣ ба афроде ки дар ҳудуди бинои нави парлумон нуктаи савдо ё манзил доштанд, шурӯъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |