661 довталаб барои 17 ҷои кор дар Агентӣ: Маош 628 то 919 сомонӣ
Дар озмун барои ишғоли 17 ҷои кори холӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 661 довталаб ҳуҷҷат супоридаанд.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии мазкур, 28 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки даври аввали озмун ба охир расида, рӯзҳои наздик даври дувуми он шурӯъ хоҳад шуд.
Тавре аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, озмун аз 3 марҳила иброрат мебошад. Ба иттилои манбаъ, даври аввал ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои довлалабон, даври дувум санҷиши тестӣ ва даври севум санҷиши шифоҳиро дар бар мегирад.
Барои ҳар ҷои холии Оҷонсӣ тақрибан 39 довталаб сабқат мекунанд. Ҳаҷми миёнаи маош тибқи эълони Оҷонсӣ аз 628 то 919 сомониро ташкил медиҳад.
Сулаймон Султонзода гуфт, маоши миёнаи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1300-1400 сомонӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |