8 донишҷӯро, ки дар хориҷи кишвар “ғайриқонунӣ таҳсили илми динӣ” мекарданд, ба Суғд баргардондаанд

Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, давоми 6 моҳи соли равон 8 сокини вилоятро, ки дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсили илми динӣ менамуданд, ба Ватан баргардонидааст.
Шариф Назарзода, сардори ин ниҳод дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин афрод “дар натиҷаи ташкил ва амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни баргашта сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Мастҷоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт мебошанд.
Раёсати умури дохилии Суғд рӯйхати ин донишҷӯёнро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт:
- Ғиёсов Тоҷиддин, соли таваллуд 1985, сокини ноҳияи Мастчоҳ. Ҳамроҳи ҳамсар ва 4 фарзанди ноболиғ;
- Тоҳиров Файёз, соли таваллуд 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва 2 фарзанди ноболиғ;
- Садриддинов Аббос, соли таваллуд 1984, сокини шаҳри Панҷакент;
- Муҳаммади Тўйчизод, соли таваллуд 1975, сокини шаҳри Панҷакент;
- Юсуфов Фазлиддинхон, соли таваллуд 1988, сокини шаҳри Хуҷанд;
- Солиҳов Саидбаҳром, соли таваллуд 1987, сокини шаҳри Гулистон;
- Ҳомидов Умарҷон, соли таваллуд 1992, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Мўҳсини Матқосим, соли таваллуд 1991, сокини ноҳияи Ашт.
Аммо эълон нашуд, ки ин донишҷӯён дар кадом кишварҳо қарор доштанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳузури журналистон гуфт, бино ба маълумоти аввалия 64 сокини шаҳр дар макотиби диннии кишварҳои хориҷ таҳсил доштаанд, ки қисми зиёди онҳо баргардонида шуданд: “Ҳоло фақат 3 нафар таҳсили худро дар давлати Арабистони Саудӣ идома дода истодаанд”.
Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, талош доранд, бо роҳи тарғибу ташвиқ ва суҳбат бо хешутабори ин се нафар онҳоро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |