ВИДЕО+АКС: Замин фуру рафт. Як хонавода бесарпаноҳ монд

Як хонавода дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон наздики даҳ рӯз мешавад, дар кӯча зиндагӣ мекунанд. Манзили онҳо дар пайи фуру рафтани замин варангор шудааст.
Балбибӣ Ғаффорова, сокини 48-солаи рустои Танобчии ноҳияи Темурмалик гуфт, ҳодиса қабл аз зуҳри 20 июл замоне рух дод, ки келину ду наберааш дар хона қарор доштанд: “Соат 10:35 буд. Якбора замин фурӯ рафт. Он вақт келину набраҳоям дар хона буданд ва зарари сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Хушбахтона зиндаву саломатанд. Аз ҳамон рӯз дар берун зиндагӣ дорем. Ҷойе барои рафтан нест”.
Ӯ мегӯяд, аз ин қазия раиси ноҳияро огаҳ сохтаанд ва кумитаи замин супориш гирифтааст, то барои ташхису санҷиш геологҳоро даъват кунад: “Гуфтанд, агар геологҳо иҷозат бидиҳанд, дар ҳаминҷо аз нав хона созед, агар не дар ҷойи дигар қитъаи замин ҷудо мешавад”. Аммо хонум Ғаффорова мегӯяд, ҳанӯз касе барои иҷрои супориши раис наздашон наомадааст ва аҳволи онҳоро ҳам намепурсанд.
“Рӯзона ҳаво гарм кӯдакон азоб мекашанд, шабона бошад, аз хунукӣ азият мекашем. Хоҳиш мекунам, ки ба мо ёрӣ бидиҳанд ва ба ин мушкили мо расидагӣ шавад”,-афзуд ӯ.
Дар ин манзил 8 нафар зиндагӣ мекунад. Балбибӣ Ғаффорова мегӯяд, шавҳараш бемор аст. Писари калонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва ду писари дигараш донишҷӯ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, Далер Раҳимов, раиси ҷамоати Танобчӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои ин хонавода аллакай қитъаи замин ҷудо гардида, то поёни моҳ ба ихтиёри онҳо дода мешавад. “Фуруравии замин бинобар пайдо шудан эрозия дар хок аз ҳисоби зиёд будани намак ба амал омадааст. Чуқурие ки ба вуҷуд омад, зиёда аз 2 метр буд. Бо ду мошин санг онро пур кардем, то қисмати зербиноҳи хона хароб нагардад, аммо бе натиҷа. Рӯз аз рӯз деворхои хона фуру рафта истодаанд”,-гуфт вай.
Сафархӯҷа Боқиев, сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодадар ноҳияи Темурмалик мегӯяд, бар асоси санҷиши анҷомдодаи онҳо дар ин манзил тамоман зиндагӣ кардан дигар мумкин нест: “Ба ҳукумати ноҳия мактуб фиристодем, то ин хонаводаро то сохтани манзили нав бо хайма таъмин намояд. Аммо ҳанӯз ин дархост иҷро нашудааст”.
Балбибӣ Ғаффорова мегӯяд, намедонанд зиндагиашон дар кӯча то кай идома мекунад: "Зиндагӣ мушкил аст. Агар илоҷ бошад, кумак кунанд, то зудтар аз ин вазъ раҳо ёбем".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |