Бахшҳо
28 июл 2017 15:40Тоҷикистон / Сиёсат

Директори агентӣ гуфт, раиси додгоҳи Рӯдакиро кормандони КДАМ боздошт кардаанд

Боздошти Исмоил Мирмахсумиён, раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кирдори ҷиноятии раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдаки на аз ҷониби кормандони агентӣ, балки аз тарафи кормандони КДАМ ошкор шудааст.

Исмоил Мирмахсумиён бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 июл аз мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуд. Дар ин фармон, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи фаъолияти Мирмахсумиён дар ин мақом содир шуд, сабаби сабукдуш шудан аз вазифаи ӯ “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” навишта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Озодагон” гуфт, Мирмахсумиён дар гирифтани пора муттаҳам мешавад ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки 30 июн дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз барканории Тоҷиддин Қурбониён, судяи суди ноҳияи Панҷ барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо хабар дода буд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон санаи 17 июл зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди Қурбониён гуфт, ӯ дар гирифтани 1000 сомонӣ пора муттаҳам мешавад ва феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Шоҳиён таъкид намуд, ки тамоми чораҳоро андешида истодаанд, то миёни судяҳо қонуншиканӣ сурат нагирад.
Мӯҳр
Офарин ба кормандони амният. Факат Шумо метавонед, корупсияро дар Ватани азизамон решакан кунед.


Офарин КДАМ боварии мо ба Шумо аст.


Алишер
Офарин бар Шумо кормандони КДАМЧТ ахсан! Танхо ин макомот метавонад пеши рохи корупсия ва фасодро дар чумхури гирад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)