Масъули Кумитаи занҳо гуфт, ҳадафи онҳо танҳо мубориза бо сатру ҳиҷоб нест... (ВИДЕО)

Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи гуруҳҳои корӣ мубориза бо сатр нест, балки ташвиқи либоси миллӣ мебошад.
Хонум Олимӣ имрӯз, 28 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, онҳо на танҳо аз занҳое, ки сатру ҳиҷоб доранд, балки аз бонувоне ҳам ки ба гуфтаи ӯ либоси беадабона ба бар мекунанд, даъват менамоянд, ки ба фарҳанги худӣ арҷ бигзоранд. Ин ҳам дар ҳоле ки ӯ мегӯяд, ҳоло намунаи либосҳои миллӣ таҳия нашудааст. Марҳабо Олимӣ гуфт, як гуруҳи кории вижа дар мавриди пешниҳоди намунаи либоси миллӣ бо таърихдонҳо ва фарҳангшиносон кор мекунад: “Мо тасмим дорем, дастурамали либосҳои миллиро таҳия ва пешниҳоди ҷомеа гардонем”.
21 июл Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам гуфт, ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки либоси миллии тоҷикон кадом аст. Ба қавли Орумбекзода, дар гуруҳи корӣ намояндаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президент шомиланд: “Дар ин масъала баҳсҳо идома дорад. Дар ҳақиқат эродҳо низ ҳастанд, ки мо бояд либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем. Аммо алъон хулосаи ин ки либоси миллии тоҷикон кадом аст, пешниҳод нашудааст”.
Қаблан, сомонаи Кумитаи кор ба занҳо ва оилаи Тоҷикистон аз таъсиси даҳҳо гуруҳҳои корие хабар дод, ки дар кӯчаҳо аз занҳо даъват мекунанд, аз пӯшидани либоси ба гуфтаи онҳо бегона даст бикашанд. Дар як навор, ки телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо” намоиш дод, дида мешуд, ки худи раиси кумита ҳам дар чунин даъватҳо иштирок дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |