Директори агентии зидди фасод дар бораи боздошти кормандони оҷонсӣ ва овозаҳои "қасосгирӣ"
Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 28 июл дар робита ба боздошти 10 корманди собиқи ниҳоди зери раҳбарияш изҳор дошт.
Ҷаноби Султонзода гуфт, баррасии парвандаҳои ин 10 нафар дар Додгоҳӣ олӣ идома дорад. Дар робита ба боздошти Умед Камолзода, як корманди дигари пешини оҷонсӣ гуфт, парвандаи ӯро як гуруҳи тафтишотии дигар пеш мебарад. Умед Камолзода писари Саиданвар Камолов, генерали бознишаста ва собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мебошад.
Раиси Агентии мубориза бо коррупсия сару садоҳоеро, ки гӯиё боздошти кормандони оҷонсӣ дар пайи хусумат ё қасосгирии ниҳодҳои қудратии кишвар анҷом шуда бошад, бепоя хонд. Ӯ дар идома афзуд, боздошти кормандони собиқ ба фаъолияти минбаъдаи ниҳоди зери раҳбариаш таъсири манфӣ намерасонад.
Миёни афроди боздоштшуда Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис ва Фирӯз Холмурозода, сардори гурӯҳи тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ҳам ҳастанд. Мурофиаи ин афрод дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста сурат мегирад. 17 июл Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, “атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст”.
Шоҳиён афзуд, номи масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод аллакай дар расонаҳо ҳаст. Ба гуфтаи раиси Суди олӣ инҳо Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Фирӯз Холмуродзода, сардори раёсати тафтишот, як сардори дигари раёсат, дар умум парвандаи 10 масъули Оҷонсӣ ба додгоҳи олӣ ворид шудааст.
Раиси Суди олӣ таъкид кард, ки собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод дар гирифтани пора, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |