Наздики 10 миллион сомонӣ. Камбудиҳои ошкоршуда дар натиҷаи аудити Вазорати молия
Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми камбудиҳои ошкоршуда дар натиҷаи аудити фаъолияти вазорату идораҳои маҳаллӣ 9,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия имрӯз, 28 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин маблағ 4,4 миллионаш рӯйпуш намудаи андозҳо, 2,5 миллионаш хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 1,7 миллион сомонӣ камомад ва тасаруфи воситаҳои пулӣ ва молӣ мебошад: “Изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтумонӣ 277,3 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 488, 2 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 182,6 ҳазор сомонӣ ва дигар камбудиҳо ба маблаги 4,9 миллион сомонӣ ошкор карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |