Хадамоти зиддинҳисорӣ дар бораи нархи гарони билети ҳавопаймо (ВИДЕО)

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро ба “афзоиши талабот аз ҷониби муштариён” рабт доданд.
Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ имрӯз, 27 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, зиёд ё кам будани талаботи мусофирон ба билети ҳавопаймоӣ, ба нархи он низ таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳо қабл аз ҳама дарёфти фоидаро ба назар мегиранд ва дар самти хизматрасонии байналмилалӣ мустақилона нархҳоро муайян мекунанд: “Вақте талабот зиёд шуд, нархи билет боло меравад ва онҳо бештар фоида мегиранд. Агар мусофирон кам шуданд, нархи билетҳоро низ поин мебаранд ва ба таври минималӣ фоида мегиранд. Дар тамоми ҷаҳон ҳамин гуна аст, ки вақте барвақтар, маслан як моҳ пештар муроҷиат кунед, билет арзонтар аст, 10 рӯз пештар қиматтар мешавад ва агар ду-се рӯз пеш аз парвоз билет бихаред, албатта боз гаронтар мефурӯшанд”.
Одиназода афзуд, тамоми ширкатҳо сиёсати тарифии худро дар ҷаҳон доранд ва ширкатҳои ватанӣ ҳам ҳамин тартибро риоя мекунанд. Як масъули ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” ҳам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нархномаи чипта ба самтҳо ва муҳлати харидорӣ вобастагӣ дорад: “Агар шаҳрвандон мехоҳанд чиптаи арзон дастрас намоянд, онҳоро лозим аст, пештар, яъне, як моҳ қабл аз рӯзи парвоз муроҷиат намоянд. Агар як ё ду рӯз пеш аз парвоз биоянд, табиист, ки ҷойҳо дар "эконом класс"-ҳо пур шуда, билетҳои гарон дар "бизнес класс" боқӣ мемонад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст”.
Манбаъ афзуд, арзиши парвози хатсайри “Душанбе-Маскав” барои 10-20 август 2560 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ гуфт, нисбати ин масъала таҳлилҳо мегузаронанд: “Ба қадри имкон таҳлили ҳамин бозорро гузаронида, пешниҳодҳои худро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳо пешниҳодҳод мекунем”.
Қаблан, Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиш ва поин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар дастур дода буд.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли равон дар нишасти хабарии пешинааш гуфта буд, ин дастури ҳукумат дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Саъдӣ Қодирзода он замон гуфта буд, мутахассисон ба омӯзиши ҳаққи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ машғуланд: “Дар пайи ниҳоӣ шудани омӯзиш иттилои бештар хоҳем дод”.
Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели гарон будани нархи чипта дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳоро ба гаронии сӯзишворӣ ва қимат будани ҳаққи фурудгоҳ рабт медиҳанд. Тобистони соли гузашта Шералӣ Ганҷалзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ганҷалзода барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, онро омӯхта истодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |