Вазир: Истеҳсоли алюминий кам шуд, ТАЛКО мушкилоти зиёд дорад (ВИДЕО)
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Бобозода 26-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҳукумат низ баррасӣ гашта, барои пешниҳодҳои дақиқ як моҳ муҳлат дода шуд.
Ба гуфтаи вазири саноат ТАЛКО имрӯз мушкилоти зиёд дорад: “Ҳамчунин бо нарх, сифати маҳсулот ва технологияе, ки дар он корхона истифода мешавад, мо бо ҳамаи тавоноӣ кор карда наметавонем”.
Комилбой Зокиров, мутахассиси раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба 181,2 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,2 миллион сомонӣ кам мебошад: “Дар ин давра 49,5 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст”.
Зокиров далели коҳиш ёфтани истеҳсоли алюминийро сари вақт дастрас нагаштани ашёи хом ва куҳнаву фарсуда гаштани таҷҳизоти корхона хонд: “Ашёи хом аз қабили кокси нафтӣ ва креолит бо мушкилоти зиёд аз хориҷи кишвар ворид мегардад”.
Номбурда гуфт, ширкати алюминийи тоҷик мақсад гузоштааст, ки новобаста аз мушкилоти молии ҷаҳонӣ бо бартараф намудани мушкилиҳо ҳачми истеҳсоли маҳсулотро дар асоси ашёи хоми ватанӣ зиёд намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |