Маҳсулоти сохтмонӣ, ҷузвдонҳои занона, чойи хушк... Интиқоли ғайриқонунии мол дар ҳаҷми 1 миллиону 411 ҳазор аз Чин

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани миқдори бузурги моли қочоқӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии хадамот дар пайи гузаронидани як амалиёт дар минтақаи назди сарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, муайян кардаанд, ки шаҳрванд А.И. ҳамчун намояндаи ҶДММ “Ориён Таъминот” 22 июни соли ҷорӣ тавассути боркаши “Долун” аз ҷумҳурии Чин 55 номгӯи молу маҳсулотро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дохили боркаш маҳсулоти сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷузвдонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардум буда, мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук арзиши онҳо 1 миллиону 411 ҳазору 70 сомониро ташкил медиҳад: “Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба намояндаи ҶДММ “Ориён Таъминот” А.И. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтишот қарор дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |