Вазири тоҷик гуфт, барои баргузор кардани намоишгоҳ дар Узбакистон омодагии ҷиддӣ мегиранд (ВИДЕО)

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, барои баргузор намудани намоишгоҳи молу коло дар кишвари ҳамсояи Узбакистон омодагӣ мегиранд.
Шавкат Бобозода имрӯз, 26 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, намоишгоҳи молу колои Узбакистонро, ки дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд, диданд ва барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани намоишгоҳи Тоҷикистон дар он кишвар омодагии ҷиддӣ мегиранд. Ӯ иброз дошт, зиёда аз 64 корхонаи саноатии кишвар дар ин намоишгоҳ ширкат хоҳанд кард: “Мо аллакай тартиби баргузории ин намоишгоҳро омода кардаем. Мо бояд омодагии сахт бигирем. Он намошгоҳе, ки онҳо оварда, нишон доданд, дидем. Дар гузаронидани намоишгоҳ мо ҳам таҷриба дорем ва фикр мекунам, намоишгоҳи кишвари мо дар ҷумҳурии ҳамсоя дар сатҳи зарурӣ баргузор мешавад”.
Ба гуфтаи вазир, дар назар аст, дар намоишгоҳи Тоҷикистон маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ, маъданҳои куҳӣ, саноати сабук, алюминиум ва маҳсулоти соҳаи хӯрокворӣ пешниҳод шавад.
Нахустин намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва хӯроквории Узбакистон моҳи апрели соли 2017 дар Душанбе баргузор шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин намоишгоҳ, ки дар маркази савдои “Пойтахт-90” доир шуд, 160 навъи молу колои тавлиди Узбакистон, назири техникаҳои гуногун, доруворӣ, хурокворӣ, масолеҳи сохтмон, пойафзол ва ғайра, манзури сокинон ва меҳмонони Душанбе гардонда шуд.
Узбакистон ба аввалин намоишгоҳи молҳои саноатиаш дар Душанбе чӣ овард? (АКС)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |