Мирсаидзод: Риояи номҳои маҳаллӣ ҳатмӣ аст... (ВИДЕО)

Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳадафи таҳияи феҳрасти номҳои миллиро “нигоҳ доштану баланд бардоштани фарҳангу маданияти миллии мардуми тоҷик” унвон кард.
Мирсаидзод, ки имрӯз, 26 июл дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, маълумоти ин феҳраст тавсияшаванда мебошанд. Ба қавли ӯ, аз сабаби он ки ин номгӯй бо санади расмӣ ба қайд гирифта шудааст, онро сохторҳои Вазорати адлия назорат мекунанд: “Аз ҳамин хотир риояи номҳои маҳаллӣ ҳатмӣ ҳастанд. Дар феҳраст омадааст, ки ақалиятҳои миллие, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо риояи фарҳангу маданияти маҳалии худашон номгузорӣ намоянд”.
Дар ҳамин ҳол, Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия гуфт, дар шаш моҳи соли равон 107 ҳазору 451 сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 70 ҳазору 636 тои он аллакай ба ному насаби миллӣ номгузорӣ шудаанд: “Вақте супориши сарвари давлат шуд дар масъалаи фарҳанги номгузорӣ мо аллакай ба ҳамаи бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳврвандии шаҳру навоҳии кишвар китобҳоро тақсим кардем, дар ҷамоатҳо, дар таваллудхонаҳо истифода мебаранд. Ба ҳар як таваллудкунанда китоб дода мешавад, онҳо хонда дар мавриди номгузории фарзандҳояшон хулоса мебароранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |