Бахшҳо
26 июл 2017 13:52Тоҷикистон / Сиёсат

Вазири энергетика дар бораи ҳузури Русия дар тарҳи “CASSA-1000”

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дархости Русия барои ворид шудан ба лоиҳаи “CASSA-1000”-ро шарҳ дод.

Усмоналӣ Усмонзода,
вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар 25 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, тавассути ин хат давоми моҳҳои май то октябр аз Тоҷикистон 3 миллиард киловат соат ва аз Қирғизистон 2 миллиард киловат соат ба Афғонистону Покистон барқ содирот мешавад. Ба гуфти ӯ, дар фасли зимистон таъминоти барқ дар асоси созишномаҳои миёни давлатҳо ва бонкҳои маблағгузор озод аст: “Агар давлаҳои иштироккунандаи лоиҳа, яъне таъминкунандаи барқ -- Тоҷикистон ва Қирғизистон барқро пурра таъмин карда натавонанд, дар ин ҳолат дар созишномаҳои баимзорасида омадааст, ки давлатҳои дигари хоҳишманд метавонанд дар лоиҳа ширкат кунанд”.

Ахиран хабар расид, ки Русия низ барои пайвастан ба ин тарҳ ҳавасманд аст. Усмоналӣ Усмонзода гуфт, на танҳо Русия, балки дигар давлатҳо, аз қабили Узбакистон, Туркманистон ва ё Қазоқистон низ метавонанд дар фасли сармо дар ин тарҳ иштирок кунанд: “Лоиҳа дар фасли сармо барои иштироки дигар давлатҳо озод аст. Агар онҳо аз ҷиҳати барқ таъмин карда тавонанд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун транзит ширкат мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки агар имконоти техникии Тоҷикистон ва Қирғизистон набошад”.

Қаблан Алӣ Аҳмад Oсмонӣ, вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳошияи намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона оид ба дархости Русия барои ширкат дар лоиҳаи бунёди CASA-1000 иттилоъ дода буд. Ба гуфтаи вазири об ва энергетикаи Афғонистон дархост аз ҷониби Русия зери имзои муовини вазири энергетикаи ин кишвар ворид шудааст ва Кобул онро пазируфт: “Мо чанде пеш аз ҳукумати Русия дархосте гирифтем, ки эшон хосторанд дар лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, ҳамроҳ шаванд. Онҳо мехоҳанд ду хатро якҷо карда дар содироти неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ ширкат кунанд, зеро Русия дар Тоҷикистон НБО-и Сангтӯдаро дорад”.

Лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ карда, арзиши лоиҳа - $ 1 миллиардро ташкил медиҳад. НБО-и Сангтуда -1, ки иқтидори умумияш 670 мВт аст, соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда 75% саҳмияҳояш ба Русия 25% ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)