Дар Тоҷикистон 80 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудааст (ВИДЕО)
Давоми шаш моҳи соли равон дар маҳбасҳои Тоҷикистон 27 нафар фавтидааст. Ин нуктаро Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон чанд лаҳза пештар дар дидор бо хабарнигорон иброз дошт.
Ӯ гуфт, дар шаш моҳи соли 2016 низ теъдоди маҳбусони фавтида 27 нафарро ташкил дода буд. Ҷаноби Мирсаидзод афзуд, бештари зиндониёни баҳалокатрасида бемории сил доштаанд. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди муовини вазири адлия, тамоми маҳбусон бо дору ва табобат дастрасӣ доранд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳеч ҳолати марги маҷбурӣ дар маҳбасҳои кишвар ба қайд нарасидааст.
Ба омори масъулини Вазорати адлия, дар Тоҷикистон 10 ҳазор маҳбус аст, ки 80 нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Дар мин миён ду аъзои раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ҳам ҳаст. Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ин ҳизбро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи кишвар гуфт, дар маҷмӯъ 1548 нафар бо иттиҳоми экстремизм равонаи зиндон шудаанд.
"Миёни 10 ҳазор маҳбус 237 зан, 39 ноболиғ ва 353 шаҳрванди хориҷӣ ҳам ҳаст",-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |