Бахшҳо

Ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с) арабию аҷамӣ нест

“Ва (Эй Муҳаммад) туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён нафиристодем”
Анбиё: 107
Бузургтарин мутафакирону донишмандон ва нобиғаҳои ҷаҳон новобаста ба бовару ақидаашон ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро намунаи барҷастаи як инсони комил шуморидаанд. Ин омӯзишҳо ҳанӯз ҳам идома дораду хоҳад дошт. То кунун ҳеч айбҷӯӣ аз Муҳаммад (с) илман ва маънаван исбот накарда, ки пайравӣ аз ахлоқ ва рафтори Ӯ ба зарари инсон ва ҷомеа мебошад. Табиист, гуруҳи кӯчаке аз инсонҳо ё бо ном донишмандон ҳарфу ҳиҷое бо кинаву кудурат ва ё рашку ҳасодат гуфтанду мегӯянд ва бо гузашти замоне ё аз андешаи худ рӯй мегардонанд ё онро партовхонаи таърих бо худ фурӯ мебарад.

Мактаб ва равиши Муҳаммад (с) чи дар гузашта ва чи имрӯз ҳамтое надорад ва оливу ҷовидона мебошад. Ин мактаб аз хурдану нушидан, пӯшидану хуфтан, иқтисод, фарҳанг, сиёсат, ҷамъият, хулоса тамоми муносибатҳои инсониро дар доираи ахлоқу одоби олӣ пешниҳоди башарият мекунад ва дар он ҳеҷ камию каҷие вуҷуд надорад. Роҳ ва равиши Муҳаммад (с) рост ва дуруст мебошад.

“Чаро аз фарҳанги як араб пайравӣ мекунед?”, “ Аз бобову аҷдодатон шарм намекунед, ки аз як араб пайравӣ мекунед!?”, “Ҳарчи ки ӯ овард барои мо бегона аст”... Мутаассифона дар ҷомеаи мусалмонишини Тоҷик имрӯз гуруҳе пайдо шудаанд, ки бо чунин тарзи суолгузорию шиорпартоӣ худ ва ҷомеаро сӯи гумроҳӣ мебаранд. Манзурашон аз як араб Муҳаммад (с) аст. Дар бештари маврид нашармида, ҳатто ба номи Ӯ ҳам ишора мекунанд ва ошкоро мегӯянд, ки Муҳаммад (с) як арабе беш нест. Худоё паноҳ!

Аҷиб он аст, ки ин тоифа худро мусалмон мешуморанд ва ҳамин гуна гуруҳҳо дар ҷаҳони Ислом ҳастанд, ки мехоҳанд мадрак ва маслаки худро танҳо аз Қуръон бигиранд ва ба Муҳаммад (с) мегӯянд, вазифааш анҷом шудааст. Роҳи Ӯ ва пайравӣ аз суннат (роҳ ва равиши Расулаллоҳ)-ро бегонапарастӣ ва арабгароӣ мешуморанд. Ин тоифа ё барқасдона ин корро мекунанд ё дар воқеъ намедонанд, ки ахлоқ ва рафтору кирдори Муҳаммад (с) тибқи Қуръон буда, заррае аз он берун нест.

Таърихи инсоният бо далелҳои муҳкам ва қатъӣ шаҳодат медиҳад, ки ин мактаб дар бистари худ ҳазорон шахсиятҳои ҷаҳониро парвариш кардаву ба башарият ҳадя намудааст. Ва онҳо бо тору пудашон барои инсоният хидматҳои мондагор ва шоистае анҷом додаанд ва ҳанӯз ҳам ин суннати нек идома дорад. Ҷаҳон билохира ба ин натиҷа мерасад, ки саодату наҷот дар ахлоқ ва роҳи Муҳаммад (с) мебошад.

Фарҳанг ва ахлоқи Муҳаммад арабию аҷамӣ ё ғарбию шарқӣ нест. Он башарӣ ва ҷовидона аст. Он ахлоқ ва фарҳанг ба ҳеч гуруҳу қавму қабоил ё миллате хос нест. Он созгор ба ҳама халқ ва миллатҳои ҷаҳон буда, ҳар миллате, ки аз он пайравӣ мекунад ва онро гиромӣ медорад, дар ду ҷаҳон бузургу сарбаланд ва саодатманду хушбахт мешавад. Муҳаммад (с) мутаалиқ ба арабҳо набуда, балки ба сӯи инсоният фиристода шудааст, ӯ орӣ аз ҳар гуна қавмгароиву милатгароист.

Худованд (ҷ) дар китоби муқадаси Қуръон ахлоқи Муҳаммад (с)-ро ахлоқи бузург ва худашро раҳмату раҳнамо барои башарият эълон кардааст ва ин гуфтаи Офаридгор то рӯзи охират бе тағйир боқӣ мемонад. Ва ҳарки аз Муҳаммад (с) пайравӣ накунад, динаш комил нест. Ва чизе аз ингуна инсонҳо назди Худо пазируфтанӣ нест.

Аллоҳ (ҷ) дар Қуръони карим фармудааст: “Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст ва ҳар ки Ӯро нофармонӣ кунад, пас Худоро нофармонӣ кардааст”.
Нисо: 80

Далер ШАРИФОВ

Мӯҳр
Ҳақ гуфтед. Баракат ёбед.

акаи Далер инро мо хам медонем лекин ту хам дон ки дониста ба чонат чабр кардан хам дар ислом харом аст дони суханат бало меорад хомуши бехтар

полис
Ахсан бародар Далер

Сухани хак хамавакт талх аст

маруф
ХУДОВАНД АЗ РАХМАТИ ХУДАШ ВА АЗ ШАФОАТИ ХАМОН ПАЙГОМБАРЕ, КИ ИМРУЗ ХИМОЯТАШ КАРДИ, БАХРАВАР ГАРДОНАД!
ШАЙХИ ТАРСОНЧАК! БАЪЗАН ШАЙТОН АЗ РОҲИ ТАРС НАЗДИК ШУДА, МОРО АЗ ГУФТАНИ ҲАҚ БОЗ МЕДОРАД. МАНУ ТУ ҶУРЪАТ НАДОРЕМ, МОН ДИГАРОН ИБРОЗИ НАЗАР НАМОЯНД.

Он мусалмонҳое, ки дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо ба бадани худ маводи тарканда баста, худро дар байни одамҳо метарконанд; мошинҳоро пур аз маводи тарканда дар миёни издиҳом метарконанд ва дар ин чанд сол ҳазороҳо нафарро ба он дунё фиристоданд, пас онҳо ба ки пайравӣ мекунанд? Мошини таблиғотии Ал Бағдодӣ ба ваъдаҳои дурӯғин, ба мисли, "агар дар ҷабҳа бимиред, дар он дунё 72 ҳур насибатон мегардад", ҷавонписарон ва ҳатто кӯдакони ноболиғро ба марг мефиристад. Пас Ал Бағдодӣ ба ахлоқи кӣ пайравӣ мекунад? Магар ӯ мусулмон нест? То ҳол на дар ин торнамо, на дар дигар ҷо нахондаем ва нашунидаем, ки аҳли уламои тоҷик Ал Бағдодӣ ва сиёсати марговари ӯро танқид карда бошанд. Ҳатто дар фосилаи ҳазорҳо километр аз ӯ мардум метарсанд, ки чизе бар зидди ӯ гӯянд. Модоме ахлоқу сиёсати Паёмбар (С) ҳамидаву инсондӯстона буд, пас чаро Ал Бағдодиву дастаи террористии ӯ ба ин ахлоқ итоат накарданд? Маҳз аз касофати Ал Бағдодӣ аст, ки дар дунё мардуми ғайри мусалмон худро аз ёру рафиқу ҳамсоягони мусалмонашон ба канор гирифтанд. Мусулмонҳо бадном шуданд. Пас, чаро сабаби асосии он, Ал Бағдодиро боре ҳам маҳкум намекунед? Дар сиёсати ҷаҳон як ибора аст, "бархурд ё стандарти духела". Маълум мешавад, ки ин хел стандарт дар ислом ҳам вуҷуд доштааст. Як чиз мегӯед, дигар хел рафтор мекунед.

Муслим
Ҳамду сано Худо ро, ки ба мо неъмати Исломро насиб гардонд! ва Шукри зиёд Парвардигорро ки ба мо Суннати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаламро василаи наҷот гардонид! Ва Ҳар касеро Аллоҳ халқ кард-вазифаашро мушаххас намуд ки он ИБОДАТ-бошад! Ва буданду боз ҳастанд бандагоне,ки Худоро холисона мепарастанд ва аз дини Ӯ ҳимоя мекунанд!-наметарсанд аз душмании бандагони "заиф"!!!
Интизори доштам,ки шояд "мулло"-е,дар ин рузҳои "ғариб"-ии дин дар кишвари азизамон овоз баланд мекунаду сабаби наҷоти баъзе ашхоси "фарҳанг"-дуст мегардад!- вале афсус!..

иншоолох ин.сухан инсонхоро хидоят.мекунад биёед дуогу бошем.сухари худовандро касе рад кунад газаби худованд.болот уст.

Paymon
"Он созгор ба ҳама халқ ва миллатҳои ҷаҳон буда, ҳар миллате, ки аз он пайравӣ мекунад ва онро гиромӣ медорад, дар ду ҷаҳон бузургу сарбаланд ва саодатманду хушбахт мешавад".
Agar ba digar pajgambaron pajravi kunad magar sarbalandu saodatmand namegardad???
Муслим,
"Ва Ҳар касеро Аллоҳ халқ кард-вазифаашро мушаххас намуд ки он ИБОДАТ-бошад!".
Vazifai avval Odam shudan ast,hudshinos shudan ast va bad kor boyad kardu halol zindagi kard, na in ki man dindorgufta ruzi daroz sarbazamin zadan kuned.Hamun sarbaziamin zadanho hast,ki digar olami islom ba nuk nishast digar!

билол
парвардигори Мухаммад (с) нигахбонат бародари Азиз

Javon
Ҷонам фидои номи Пайёмбар! Лаззат бурдем аз хонданаш. Ташакур ба бачаҳои Озодагон

Ррр
ЧАВОБ БА САВОЛХОИ ЮСУФЧОН :
МО ДАР КУРЪОН АЗ КАЛИМАИ ЧИХОД ДИДА КАЛИМАХОИ ТАКВО ,МУХСИН,АМАЛИ СОЛЕХ БЕШТАР ВО МЕХУРЕМ АЗ ТАРАФИ ДИГАР АЗ ПАЁМБАРИ ХУДО ХАДИСХОИ ЗИЁДЕ ДОРЕМ КИ БА ТАКВО ДОШТАНИ БАНДА ВА КМСАТАШ ТАЪКИД МЕКУНАД.ХОЛО САВОЛ ИН АСТ КИ АГАР ТАКВО ,ПАРХЕЗКОРИ ,АМАЛИ СОЛЕХ ИНКАДАР АХАММИЯТ ДОШТА БОШАД ЧАРО ГУРУХХОИ ТУНДРАВ(Толибон, Ал коида,ДИИШ) БА ИН ХИСЛАТХОИ ИНСОНИ БЕ ТАВАЧЧУХИ ЗОХИР МЕКУНАНД.ЧАВОБИ САВОЛ СОДА АСТ ИН ГУРУХХОИ Ё МУСАЛМОН НЕСТАНД Ё ИНКИ АЗ РАФТОРХОИ ИНСОНИИ ДАР БОЛО ЗИКР ГАРДИДА ЗАРРАЕ БАРХУРДОР НЕСТАНД
АЛ БАГДОДИ ЯК ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ХАДАФ АСТ КИ ИН ЛОИХА АЗ ТАРАФИ ДАВЛАТХОИ СУЛТАГАР БО САРДОРИИ АМЕРИКА 50 СОЛИ ПЕШ ТАРХРЕЗИ ШУДААСТ.
МО БОЯД ХАР ИНСОНЕ КИ ДАМ АЗ КУРЪОНУ ИСЛОМУ ХУДУВУ ПАЁМДАР МЕЗАНАД БИНЕМ КИ ЧИ КАДАР ТАКВОВУ АМАЛИ СОЛЕХ ДОРАД АГАР ТАКВО ДОШТА МЕТОНЕМ БА ГАПОИ У ЭЬТИМОД КУНЕМ.
ХОФИЗИ ШЕРОЗИ ГУФТА БУД
ХОФИЗО МАЙХУРУ РИНДИ КУНУ ХУШ БОШ ВАЛЕ
ДОМИ ТАЗВИР МАКУН ЧУН ДИГАРОН ҚУРЪОНРО

Хирадгаро
Хазрати Мухаммад пеш аз хама як инсон буд, фаришта набуд, нафс дошт, хислат дошт ва гайра. Масалан занхоро дуст медошт, хеч бади надорад. Ба хислатхои неки у пайрави кардан хеч бади надорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки он чизеро ки хазрати Мухаммад дуст намедошт бояд хамаи инсонхо дуст надоранд. Масалан агар хазрати Мухаммад ширбиринчро дуст намедошт пас мардум бояд ширбиринч нахуранд. Яъне аз меъёр берун баромадан кори дуруст нест.
Хазрати Мухаммад пайгамбари худо буд, биноан мусулмонон ба у бояд эътикод дошта бошанд.
Дар дини ислом миллат хаст-дар миллати ки хасти - Иброхими Халилуллох ва дар уммати Мухаммади Мустафо.
Агар ислом ин кадар дини кави бошад чаро кишвархои исломи аз хама кафомондаанд ва дар факру хунрези умр ба сар мебаранд.

Худованд ба ту ҷазои хайр насиб кунад ва дар дунёву охират сарбаланд боши !
Дар ҳақиқат рост мегуи ин гуруҳ, ки бо чунин андешаҳо мехоҳанд мардумро аз таълимҳои нуронӣ Паёмбари акрам (с) дур кунанд каме андеша кунанд, ки аз ҳамон аввал душманони Муҳаммад (с)- ро Худованд чигуна хору залил кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)