“Шаҳри бехатар”: Аз 200 қонунвайронкунии “Мерседес”-и Муродов то “ҷаримагурезии” ронандаҳои автобус (РӮЙХАТ)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва ҳамзамон маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.
Ин феҳраст дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт -- “Шаҳри бехатар” пешниҳод шудааст. Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Ваҳдат бо сабукрави “Мерседес Бенс” қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилои ВКД, ин ронанда дар 200 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
“Тойота Лэнд Крузер”-и мутаалиқ ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар 118 ҳолат қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат чанд мусофиркаш (автобус) низ ҳаст. Аз ҷумла автобуси тамғаи “ЛиАЗ-5256” рақами қайди давлатиаш 0484ТТ05 -- 114 далел, “ЛиАЗ-5226” рақами қайди давлатиаш 0473ТТ05 -- 46 далел, “ЛиАЗ-5256” рақами қайди давлатиаш 0483ТТ05 – 42 далел, “ЛиАЗ-5226” рақами қайди давлатиаш 0464ТТ05 – 39 далел.
ФЕҲРАСТИ КОМИЛ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |