Манбаъ афзуд, дар нома аз ҷумла барои иштироки фаъол ва саҳми арзандаи ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Бонн, ки 5 декабри соли 2011 баргузор гардида буд, изҳори миннатдории самимӣ шудааст.Дар навбати худ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафирон изҳори сипосгузорӣ намуда, қайд кард, ки қарорҳои Конфронс дар Бонн барои устувории минбаъдаи амнияти Афғонистон аҳамияти хоса дорад. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои омода намудан ва гузаронидани Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистонро (RECCA V), ки баргузории он моҳи марти соли 2012 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, матраҳ карданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |