(ВИДЕО) Вазир дар бораи додугирифти газу барқ бо Узбакистон

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, гуфтушунид барои пайвастан бо низомҳои энергетикии Узбакистон ҷоннок гардида, тайи нимсолаи гузашта хеле корҳои зиёд анҷом дода шуданд.
Усмонзода имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо Узбакистон, Туркманистион ва Қазоқистон корҳои зиёде дар ним соли охир анҷом шуданд: “Мо боварӣ дорем, ояндаи наздик додугирифти барқ аз сар гирифта хоҳад шуд”.
Маҳмадумар Асозода, муовини раиси “Барқи тоҷик” дар тақвияти суханҳои вазир гуфт, корҳо ҷоннок шуданд ва ҷониби Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ барои пайвастан ба низоми энергетикии Узбакистон омода ҳаст: “Хатҳои барқи 220 киловолта пурра омодаанд. Хатти 500 киловолта низ пурра омода аст, аммо як қисми он дар қаламрави Узбакистон тахриб шудааст. Дар қаламрави Тоҷикистон мо санҷиш гузаронда, нуқсонҳои хатҳои барқро бартараф кардем. Хатҳое, ки аз ҷониби зеристгоҳи Регар ба Узбакистон мераванд, пурра барқарор шуданд. Ҳозир аз ҷониби Узбакистон барои назорати муштараки хатҳо дархост ворид шудааст. Дар сурати имзо шудани созишнома ҷониби Тоҷикистон омода аст, додугирифти барқро роҳандозӣ кунад”.
Ба суол дар бораи аз сар гирифтани додугирифти гази табиӣ вазири энергетика изҳор дошт, ки ин масъала дар миён нест: “Масъалаи газ ба нарх бастагӣ дорад, ки то куҷо корхонаҳои Тоҷикистон омодаанд, бо нархи бозорӣ гази Узбакистонро харидорӣ намоянд. Дар сатҳи ҳукуматӣ ин масъала баррасӣ нашудааст, аммо мо ҳавасмандем”.
Дар пайи гармшавии муносибот бо Узбакистон интизор мерафт, ки додугирифти барқ бо ин кишвар аз сар гирифта шавад. Тоҷикистон баъди берун шудани Узбакистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба бозорҳои берунаро аз даст дод. Дар натиҷа ҳар тобистон Тоҷикистон аз ҳисоби партоби об, будуни истеҳсоли барқ садҳо миллион долларро аз даст медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |