ТАЛКО-калонтарин корхонаи қарздор аз барқ
Ширкати алюмнийи тоҷик, “ТАЛКО”, ки қисми зиёди барқи тавлиди кишварро бо нархи арзонтар аз аҳолӣ мегирад, феълан калонтарин корхонаи қарздор аз “Барқи тоҷик” мебошад.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба иттилои Вазорат, ТАЛКО аз барқ 437,3 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, 101,8 миллион сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 122,8 миллион ва аҳолӣ 768 миллион сомонӣ аз "Барқи тоҷик" қарздор мебошанд: “Дар маҷмуъ қарзи дебитории “Барқи тоҷик” тайи шаш моҳ 210,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта ба 1 миллиарду 796 миллион сомонӣ баробар шудааст”.
Манбаъ афзуд, ки нархи миёнаи фурӯши барқ дар кишвар ба 15,5 дирам баробар мебошад: “Қарзи кредитории “Барқи тоҷик” ба то 1-уми июли соли равон ба 3 миллиарду 135 миллион сомонӣ баробар шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |