Душанбе, 31 Марта 2025
Ноиби Р.Эмомалӣ: Мактуби мардеро, ки қасди худкушӣ кард, хондам... (ВИДЕО)

Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали Рустами Эмомалӣ, мегӯяд, қабули сокинон аз сӯи масъулини шаҳрдории сатҳҳои гуногун хеле густурда роҳандозӣ шудааст.
Зувайдзода, имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз муовинҳо то сардорони раёсатҳо шаҳрвандонро бидуни монеа қабул мекунанд: “Агар арзи шаҳрвандон дар сатҳи сардорони раёсатҳо ва муовинҳо ҳал нашавад, он гоҳ бевосита худи раиси шаҳри Душанбе расидагӣ мекунад”.
Ноиби аввали Рустами Эмомалӣ афзуд, ки то ҳол арзи 486 шаҳрванди муроҷиаткардаро ҳал карданд ва беш аз 400 муроҷиати дигарро вобаста ба тобеияташон ба сохторҳои дахлдор равон карданд: “Сохторҳо баъди баррасии арзу муроҷиат ба мо посух хоҳанд дод”.
Дар мавриди сарусадои паҳншуда, ки гӯиё ронандаи таксие натавонистааст, ба қабули шаҳрдорӣ ноил шаваду дар пеши бинои шаҳрдорӣ қасди худкушӣ кардааст, Зувайдзода гуфт, он нафар, сокини шаҳри Ваҳдат, бемор буд: “Он нафар аз Ваҳдат буд, бемор, бо зану духтараш мушкил доштааст. Боз нӯшида будааст. Таксист набуд, коғазеро, ки ӯ навиштааст, ман хондам. Навиштааст, ки коркуни орган ӯро аз ҳамсараш ҷудо намудааст. Занаш ҳам, ки шаҳрванди Русия будаасту дар хориҷ тариқи интернет тамос гирифту даъвояшро рад кард. Он нафареро, ки ӯ гунаҳкор мекунад, одами муътабар аст, гуноҳе надошт. Маълум шуд, ки беморияш хуруҷ кардааст, ӯ дар Медгородок бо табобат фаро гирифта шуд, ҳозир дар хонааш аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |