Зувайдзода: "Манзили дастрас" камбудӣ дорад, аммо муфлис нест... (ВИДЕО)
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, санҷиши лоиҳаи “Манзили дастрас” анҷом шудааст ва феълан чораандешиҳо барои анҷоми сохтмони биноҳои он идома дорад.
Зувайдзода, имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, “лоиҳаи манзили дастрас камбудӣ дорад, аммо муфлис нашудааст: “Тибқи супориши раиси шаҳр, ман ва муовинони дигар ин масъаларо омӯхта истодаем. Ин лоиҳа проблема дорад. Якбора бунёди 8 блокро оғоз кардаанд. Он ҷо ними дигар одамҳо пулро надодаанд, корхона аз боварӣ баромадаст. Санҷиши лоиҳа анҷом ёфт. Баъзе камбудиҳо ошкор шуд, ки ба шаҳрдорӣ пешниҳод гардиданд ва феълан мавриди баррасӣ қарор доранд. Як комиссия ташкил кардаем, то ин корхонаро аз буҳрону касодӣ барорем. Барои ин вақту маблағ лозим аст. Айни ҳол 10 миллион сомониро кумак кардем, ки каме корҳои лоиҳа пеш бурда шаванд. Аз тарафи дигар бонкҳои саҳҳомӣ ва соҳибкоронро ҷалб карда истодаем, ки барои анҷоми лоиҳа кӯмак кунанд. Ин корхона муфлис нест. Чораандешӣ карда истодаем, то сохтмони биноҳои он анҷом ёбанд”.
Баҳори соли равон иттилоъ дода шуд, ки бо дархости раҳбарияти нави Душанбе, Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро тариқи ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа аз сӯи шаҳрдории Душанбе бо ҷонибдории Убайдуллоев ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.
Нурулло Наимов, директори КВД "Манзили дастрас" дар посух ба суоли "Озодагон" гуфт, санҷиш камбудии ҷиддие ошкор накардааст: "Ду боро моро Оҷонсӣ санҷид. Камбудиҳои бисёр ҷиддӣ ба қайд гирифта нашуданд. Баъзан ҳолатҳои изофанависӣ дар ҳаҷми хурд ошкор шудаанд".
Тибқи иттилои раёсати Агентии зиддифасод санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.
Дар лоиҳаи "Манзили дастрас" таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи "Профсоюз" сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.
Масъулини КВД "Манзили дастрас" мегӯянд, дар маҷмӯъ 600 нафар ба онҳо барои соҳиб шудан ба манзил 60 миллион сомонӣ додаанд, вале дар пайи буҳрони молиявӣ ва ба миён омадани мушкили молӣ натавонистанд сохтмони манзилҳоро ба пуррагӣ анҷом диҳанд: “Ҳоло сармоягузор кофта истодаем, бо беҳтар шудани вазъи молиявӣ корҳои сохтмонӣ ҳам хуб мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |