Исматзода: Лағви “лимит” дарахтбуриро кам кард
Азизуллоҳ Исматзода, раиси Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, лағви барвақтии “лимит” ва афзоиши истеҳсоли ангишт дар кишвар дарахтбуриро коҳиш додааст.
Исматзода имрӯз, 25-уми июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта истеҳсоли ангишт ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шуд: “Дастрасии мардум бевосита ба гази моеъ низ бисёр шудааст. Мардум дарк кардааст, ки буридани дарахт ҳамчун маводи сӯзишворию гармӣ фоида надорад. Аз тарафи дигар дар шароити тағйирёбии иқлим сатҳи маърифати экологии мардум беҳтар шудааст. Дарахтбурӣ кам шудааст, фикр мекунам мардум бештар ба дарахтшинонӣ рӯй меоранд”.
Тибқи иттилои Агентӣ, тайи шаш моҳ 717 санад оид ба нақзи қонунгузории ҷангал таҳия шудааст: “Аз миқдори умумии қоидавайронкуниҳои ошкоргардида 411 адад ба буриши ғайриқонунии дарахтҳо рост меояд, ки нисбати соли гузашта 12 адад кам мебошад. Афроде ки даст ба дарахтбурии ғайриқонунӣ задаанд, 107,9 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |