Бахшҳо

Суғд: Дуди ангишт ва садамаи нақлиётӣ бойиси марги одамон

Дар шимоли кишвар аз дуди ғализи ангишт боз ду нафар заҳролуд гаштанд.


Гуфта мешавад, ҷони яке онҳоро духтурон наҷот доданд, дуввумӣ ба ҳалокат расид.Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД видояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз сокини 51-солаи ҷамоати Ғулакандози ноҳиия Ҷаббор Расулов Х.В. аз дуди ғализи ангишт заҳролуд гашта, ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол ёфтааст. Зимнан, дар нонвойхонаи ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара, корманди 22-солаи он- К.Ч аз дуди ангишт ба ҳалокат расидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ се нафар сокини шимоли кишвар, ки якеи онҳо кӯдаки сесола мебошад, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт, ки хонаҳояшонро тавассути он гарм мекарданд, ба ҳалокат расида буданд.

Ҳамзамон, як ронандаи ноболиғ бойиси марги ронандаи дигар дар вилояти Суғд гардидааст. Юсуф Муҳиддинов, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарин, аз ӯҳдаи идораи  автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи  ВАЗ-2106, таҳти идораи ронанда, сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуқаюм Холиқов ва «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 67-солаи шаҳр Матлуба Мӯминова  бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи ВАЗ-2106 Абдуқаюм Холиқов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)