Бахшҳо
23 май 2011 10:34Без категории

Нархи роҳкирои нақлиёт дар Душанбе тағйир меёбад

Дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ сурат пазируфт.

Тавре ба «Озодагон», Шавкат Сайидов, котиби матбуотии ҳукумати пойтахт иттилоъ дод, дар нишасти мазкур, масоили ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, ҷараёни азнавсозии 11 км роҳи протоколии хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаҳои С. Айнӣ ва А.Дониш мавриди баррасӣ қарор гирифт.Зимнан, ба фармоишгар сарраёсати ободонии  шаҳр дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо пудратчии иншоот - намояндагии корпоратсияи хитойӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо дар ҶТ иҷрои корҳоро бо сифати баланд, на дертар аз 20 августи соли 2011 ба анҷом расонида, ҷиҳати истифодабарӣ ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо дахли масоили ғановати бозори истеъмолӣ, ба хусус таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат, пеш аз ҳама бо нархҳои тавсиявии  1 кг  гӯшти гов 23 сомонӣ ва гӯсфанд 24, ки бо ин мақсад аз ҷониби шаҳрдорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорони маҳаллаи 33-юм ба ҳар яке аз онҳо 50 ҳазор сомонӣ  қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шудааст, ба сохторҳои назорати давлатӣ дастур гардид, ки воқеияти гардиши мақсадноки маблағҳо ва пешниҳоди гӯшти хушсифат аз ҷониби субъектҳои зикргашта ба сокинонро пайваста зери таваҷҷӯҳ қарор диҳанд.

Инчунин бо дарназардошти болоравии нархи маводи сӯзишворӣ ва хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати  тағйирдиҳии тарифҳои хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таъкид гашт, ки  аз 1 июни соли 2011 тарифҳои нав дар шаҳри Душанбе муқаррар карда хоҳад шуд. Бояд хотиррасон намуд, ки тарифҳои мавҷуда аз 1 июни соли 2008 дар шаҳр амал дошта, дар ин муддат нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданию қисмҳои эҳтиётӣ ба маротиб афзойиш ёфтааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)