Мурғи тухмдеҳ ба ҷои шавҳари муҳоҷир: Дастгирии занҳои танҳои тоҷик (ВИДЕО)

Саъдӣ Каримзода, раиси Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” мегӯяд, ба занҳои танҳо, аз ҷумла хонумҳое, ки шавҳаронашон ба муҳоҷират рафтаанду муддати тӯлонӣ аз ҳолашон хабар намегиранд, беш аз 5 ҳазор мурғи тухмдеҳ доданд.
Каримзода имрӯз, 25-уми июл зимни бо таъкиди ин нукта дар нишасти матбуотӣ афзуд, инчунин 450 зан аз оилаҳои камбизоат дар маҷмӯъ бо 2250 сар бузу гусфанд ва хӯроки чорво таъмин гардиданд: “Дар доираи лоиҳа 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оилаи занбӯр ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Ҳадаф беҳбуди зиндагии занҳои танҳо, ки бисёрашон серфарзанд мебошанд”.
Ӯ гуфт, дар пайи ироаи кӯмак фаъолияти минбаъдаи занонро пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ дастгирӣ менамоянд: “Ҳар се моҳ ҳисобот пешниҳод мегардад. Инро на танҳо мо, балки ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ низ назорат мекунад. Мушоҳидаю таҳлилҳо нишон доданд, ки занҳо то ҳол саршумори мурғу чорворо зиёд карда, барои беҳбуди зиндагиашон истифода мебаранд”.
Марҳилаи аввали лоиҳаи рушди чорводорию чарогоҳҳо бо 15 миллион доллари амрикоии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар навоҳии куҳии Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон амалӣ шуда, дар доираи он то ҳол вазъи зиндагии беш аз 23 ҳазор оила беҳтар карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |