Раиси Марказ: Мушовирони хориҷӣ ба андозаи нархи 1 трактор ҳақ мегирифтанд (ВИДЕО)

Саъдӣ Каримзода, раиси Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” мегӯяд, зимни татбиқи лоиҳа мушовирони хориҷиро ихтисор намуда, бештар такя ба мутахассисони маҳаллӣ кард.
Каримзода, имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, соли 2012 дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа 5 мушовири хориҷӣ фаъолият мекард, ки ҳаққи зиёд мегирифтанд: “Дар оғоз мо 5 мушовир доштем, ки маблағи зиёд барои онҳо сарф мешавад. Бо он маблағе, ки мушовирон ҳар моҳе мегиранд, мешавад, як трактор гирем. Барои ин мо мушовиронро ихтисор кардем ва маблағе, ки барои онҳо пешбинӣ мешуд, барои рушди деҳот равона гардид”.
Раиси Маркази рушди чорводорӣ ва чарогоҳ афзуд, ки ба лоиҳа бештар мутахассисони ватаниро ҷалб намуд: “Таҷрибаи корӣ дар созмонҳои байналмилалиро доранд. 80 фоизи кормандон бо забонҳои хориҷии русӣ ва англисӣ баладанд”.
Ба гуфтаи Каримзода марҳилаи аввали лоиҳа, ки аз соли 2012 то сентябри соли 2017 амалӣ мешавад, 15 миллион долларро дар бар гирифта, аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ сармоягузорӣ мешавад: “Вақте Фонд мебинад, ки мутахассисони марказ малакаи хуб доранд, мушовирони хориҷиро пешниҳод намекунад ва такя ба кадрҳои маҳаллӣ менамоянд”.
Ба иттилои масъулин дар доираи марҳилаи аввали рушди чорводорию чарогоҳҳо, ки дар навоҳии куҳии Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон амалӣ мешаванд, вазъи зиндагии беш аз 23 ҳазор оила беҳтар карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |