Садамаҳои роҳу нақлиёти Суғд ҷони 62 нафарро гирифтааст
Давоми 6 моҳу 15 рӯзи соли равон бар асари садамаҳои роҳу нақлиётии вилояти Суғд 62 нафар, аз ҷумла 8 кудак ҳалок шудаанд.
Аз дафтари матбуоти Шўъбаи БДА-и вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи садамаҳо дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии иштирокчиёни ҳаракати роҳ ва ошкорнамоии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат, ки ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунанд, аз тарафи раҳбарият ва ҳайати шахсии Шўъбаи БДА корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад: “Вале ба ин нигоҳ накарда, тайи 6 моҳу 15 рўзи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят 156 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 62 нафар ҳалок гардида, 161 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд”.
Манбаъ афзуд, аз ин садамҳо 39 ададаш бо иштироки кўдакону наврасон содир гардидаанд, ки бар асари он 8 нафар ҳалок ва 35 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин ниҳод дар идома гуфт, дар бештари ҳолатҳо кўдакону наврасон аз бепарвоии волидайн ва дигар шахсони калонсол дар кўчаву роҳҳои нақлиётгард беназорат монда, ҳар лаҳза метавонанд, ба садамаҳои роҳу нақлиётӣ дучор гарданд.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |