Фишурдаи суҳбат бо Нуралиев: Аз "стериотип"-ҳои нодуруст то бонкдории исломӣ (ВИДЕО)
“Озодагон” фишурдаи суолу ҷавоби хабарнигорон бо Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистонро, ки дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл дар Душанбе сурат гирифт, пешниҳоди хонандагон мекунад. Суол: Раёсати Тоҷиксодиротбонк ахиран аз омилҳои сунъӣ суҳбат кард, ки гӯиё гуруҳе мушкилоти ин бонкро бештар карданд. Оё ҳолатҳои рақобати носолим дар низоми бонкии Тоҷикистон ҷой доранд? Нуралиев: Инро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд санҷанду муайян кунанд. Агар дар ягон ҷо ҳолати барқасдона овардани бонкҳои тиҷории мазкур ба муфлисшавӣ ҷой дорад, бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро санҷанд. Сабаби асосии муфлисшавӣ давомнокии буҳрони молиявӣ мебошад. Инчунин сабаби дигар норасоӣ дар идораи кооперативӣ буд. Асосан мушкилоти низоми бонкӣ меросӣ буда, аз солҳои пешӣ боқӣ мондаанд. Ду-се сол пас дар Тоҷикистон низоме фароҳам хоҳад шуд, ки осебпазир нахоҳад буд ва чунин мушкилот такрор намешаванд. Суол: Назари шумо ба самаранокии фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ, ки Бонки Миллӣ дар бонкҳои муаммодор таъин мекунад? Нуралиев: Фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ самаранок буд. Мо шуморо бовар мекунонем, ки ҳангоми роҳбарияти маъмурияти муваққатӣ тартибу низом, аз ҷумла дар Тоҷиксодиротбонк беҳтар шуд. Диққати ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин бонк зиёд шуд. Натиҷаи фаъолияти Бонки Миллӣ буд, ки дар ҳолати муташанниҷ дар бонкҳо оромӣ таъмин гардид, шиддатнокии иҷтимоӣ кам шуд. Аз ҷониби ҳукумат ба бонкҳои муаммодор сармоягузорӣ шуд. Дар натиҷа, Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк тавонистанд уҳдадориҳояшшонро дар ҳаҷми миллиардҳо сомонӣ дар назди мизоҷонашон иҷро кунанд. Аслан вазифаи мудирияти муваққатӣ баҳогузории вазъи ташкилот аст, ки то кадом дараҷа ташкилоти мазкур дар оянда кор карда метавонад. Вазифаи маъмурияти муваққатӣ пардохти амонатҳо ва ҷалби қарзҳо нест. Дар мавриди Фононбонк ва Тоҷпромбонк, таҳлил кардем, ки муассисони ин бонкҳо имконияти кофӣ надоранд ва чун ҳиссаи бонкҳо дар низоми бонкӣ таъсири ҷиддӣ надошт, тасмим гирифтем, ки раванди муфлисшавиро оғоз кунем. Айни ҳол 75 фоизи уҳдадориҳои ин ду бонк дар назди мизоҷонашон иҷро гардидааст. Суол: “Спитаменбонк” ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ки бозигарони нисбатан нав дар низоми бонкии кишвар мебошанду вазъашон нисбатан устувор ба назар мерасад, ба кӣ тааллуқ доранд? Нуралиев: Вақте бонкҳо пешқадам мешаванд, ба музаффарияте ноил мегарданд, овозапароканиҳо мешаванд, ки гӯиё ин бонкҳо ба ягон нафари мартабаи баланд тааллуқ доранд. Ин нодуруст аст. Мо бояд чунин стериотипҳоро аз байн барем. Нисбати муассисони ин бонкҳо дар сомонаи онҳо иттилоъ дастрас ҳаст. Суол: Дар мавриди бонкдории исломӣ чӣ корҳо анҷом дода шудаанд? Нуралиев: Дар Бонки миллӣ як шуъбаи махсус ташкил шудааст, ки ба масоили бонкдории исломӣ машғул мебошад. Бисёр корҳо анҷом дода шудаанд ва корҳои бештаре дар пеш аст. Ҳоло Алиф Сармоя дар раванди татбиқи баъзе амалиёти бонкдории исломӣ мебошад. Пурра ягон ташкилоти қарзӣ ба низоми бонкдории исломӣ гузаштагӣ нест. Бояд масоили ташкилӣ ҳал шаванд, чун бояд қонунгузориро пурра ба бонкдории исломӣ мутобиқ кунем, зеро ин куллан низоми дигар аст. 16 санаду меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.VIDEO
Суол: Гуфтушунид бо ХБА барои дастгирии низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкҳои муаммодор дар чӣ ҳол аст? Нуралиев: Барномае, ки аз ҷониби ин созмон пешниҳод мешавад, барои устувории низоми бонкӣ мусоидат мекунад. Барномаи ХБА барои сармоягузории бонкҳои муаммодор равона намешавад. Бо ХБА сармоягузории бонкҳои муаммодорро ягон бор баррасӣ накардаем. Аммо ХБА омода аст, моро дастгирӣ кунад ва бо кӯмаки ХБА лоиҳаҳои қонун барои солимгардонии низоми бонкӣ таҳия шуд. Чаҳор қонун бозбинӣ мешаванд, ки ин яке аз шартҳои ХБА мебошанд. Аз ин ду лоиҳа дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Умед дорем, то охири сол барномаи навро роҳандозӣ хоҳем кард. Ин барнома барои ислоҳоти низоми бонкӣ ва устувории иқтисодиёт кӯмак хоҳад карду осебпазирии иқтисоди моро аз омилҳои берунӣ кам мекунад. Аввали суҳбати Нуралиев бо хабарнигорон Тафсилоти суолу ҷавоби Нуралиев бо хабарнигорон дар ин сафҳа нашр мешавад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30