ВКД: Қарздорҳо сокини Истаравшанро буғӣ карда, ҷасадашро ба дарё андохтаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми анҷом додани куштор хабар медиҳад.
Ба иттили ин ниҳод, дастгиршудаҳо, ки яке 43 ва дигарӣ 47 сол доранд, дар ҷамоати деҳоти Гули сурхи Истаравшан иқомат мекардаанд. Онҳо дар пайи як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудаанд: “Номбурдагон, аз рӯи нақшаи пешакӣ ва бо мақсади содир намудани ҷинояти куштор, санаи 17-уми июли соли равон, тахминан соатҳои 20:30, марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо баҳонаи баргардонидани маблағҳои қарзи гирифтаашон, ба деҳаи Чорсадаи ҳамин шаҳр даъват менамоянд”.
Манбаъ меафзояд, ин ду нафар мардро бо роҳи фиреб ба автомашина нишонда, ба воситаи ресмон ӯро буғӣ мекунанд: “Бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардаашон, ҷасади ҷабрдидаро ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, ки ба марди 30-солаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри мазкур тааллуқ дорад, бор карда, ба дарёи “Зарафшон” мепартоянд”.
Ба иттилои ВКД, ҷасади ҷабрдида тахминан соати 17:40-и ҳамон рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дарёфт шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |