Сешанбе, 1 Апрел 2025
Ғасби теппаҳои Душанбе: Аз супориши Президент то фошкориҳои “Google” (ВИДЕОҲО)

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо истифода аз моҳвораҳои “Google” амалиёт алайҳи ғасби ғайриқонунии замин дар теппаҳои атрофи Душанберо пурзӯр карда, ишғоли худсаронаи заминро атрофи пойтахт бартараф намудаанд. Аммо мушоҳидаи “Озодагон” тариқи “Google” муайян намуд, ки бунёди хонаҳо дар теппаҳои атрофи пойтахт, аз ҷумла минтақаҳои хатарноки сафедхок, ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раҳбари Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни як ҳамоиш гуфт, ҳангоми таъинаш ба ин мақом, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ӯро вазифадор намуда буд, ки теппаҳои атрофи пойтахтро таҳти назорати ҷиддӣ гирад. Ӯ гуфт, биноҳо дар сафедхок бунёд шудаанд ва Худо нокарда, агар борони сахт шавад, ҳоли ин мардумро ҳатто тасаввур кардан мушкил аст: “Заминҳо дар он ҷо асосан то соли 2008, аз сӯи ҷамоатҳо дода шудаанд. Мо гуруҳи корӣ ташкил кардем, ҳозир сохтмонҳо нест”.
Дилшод Назуров, сардори Раёсати назорати давлатии замини Кумита, низ гуфтаҳои раисаш дар бораи аз байн бурдани ғасби худсаронаи замин дар атрофи пойтахтро тақвият дод. Ӯ иддаоро, ки заминфурӯшиҳо, аз ҷумла, дар теппаҳои атрофи Душанбе тариқи масъулини Кумитаи замин дар маҳалҳо амалӣ мешаванд, рад карда, гуфт, бештар ба ин корҳо муҳандис-заминсозҳои ҷамоатҳо даст мезананд ва онҳо дар тобеияти ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошанд: “Сохтмонҳое, ки қаблан буд, ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Ҳозир мо тариқи “Google” ҳам назорат дорем, ягон хел сохтмон нест. Баъзан сохтмонҳо мешаванд, мо фавран ба кумитаи идораи замини ноҳия муроҷиат мекунем ва рафта онро бартараф мекунем”.
Аммо наворҳое, ки “Озодагон” тариқи моҳвораҳои “Google” гирифт, нишон медиҳанд, ки сохтмонҳои ғайриқонунӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд ва дар атрофи пойтахт дар сафедхок деҳаҳои нави бузург, бидуни ягон инфрасохтор, аз ҷумла бунгоҳи тиббию мактабҳо ташаккул ёфтаанд.
Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаи мазкурро пайгирӣ дорад, изҳор дошт, ки дар теппаҳои болои маҳаллаи Зарафшон, деҳаҳо бо ҳазорҳо хоҷагӣ ташаккул, ёфтаанд, ки на бунгоҳи тиббӣ, на мактаб ва баъзан ҳатто об надоранд. Кӯдакҳо километрҳо роҳро тай мекунанд, то ба ноҳияи Синои Душанбе ба мактаб оянд ва дар ин миён ҳодисаҳои нохуш низ ба қайд гирифта шудаанд. Рӯзноманигори тоҷик бо зикри шароити тоқатфарсои ҳаёти сокинони теппаҳои атрофи Душанбе, ки бисёрашон фирефтаи заминфурӯшҳо мебошанд, масъалаи бунёди бунгоҳи тиббию мактабҳоро барояшон дар миён гузошт.
Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ гуфт, сохтмони мактабу бунгоҳҳо бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад: “Агар чунин пешниҳод дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф ба ҳукумат ироа шавад, мо дар доираи салоҳияти худ чӣ кӯмаке зарур шавад, мерасонем”.
Аммо раёсати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, деҳаҳои навбунёд дар теппаҳои атрофи Душанбе ғайриқонунӣ буда, онҳо бартараф карда хоҳанд шуд ва масъалаи бунёди мактабу беморхонаҳо барои онҳо дар миён нест. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба истиснои хонаҳо дар маҳаллаи Ховарон, сохтмонҳои дигар дар теппаҳои Душанбе ғайриқонуниянд ва аз байн бардошта хоҳанд шуд: “Дар доираи нақшаи генералӣ дар ин минтақаҳо бунёди боғҳо дар назар аст. Тибқи қарори ҳукумат мақомоти Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб ҳақ надоранд, дар ин минтақаҳо замин барои бунёди хонаҳо диҳанд, чун оянда ин минтақа ба қаламрави Душанбе шомил мешавад. Ин теппаҳои фурӯраванда мебошанд. Хонаҳо дар он ҷо оянда надоранд, онҳо бартараф мешаванд”.
Иддаои роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва Кумитаи идораи замин дар мавриди он, ки сохтмонҳо дар теппаҳои Душанбе асосан солҳои 90-и асри гузашта ва аввали солҳои 2000-ум пайдо шудаанд, дар ҳоле садо медиҳанд, ки назаре аз кайҳон ба теппаҳои атрофи пойтахт акси ҳолро нишон медиҳад. Муқоисаи аксҳои 30 соли охир аз кайҳон нишон медиҳанд, ки сохтмонҳо дар теппаҳои атрофи пойтахт асосан 8 соли охир авҷ гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯянд, зимни чаппасозии хонаҳо дар атрофи Душанбе, ки баъзеяш зери хатҳои баландшиддати барқ, назди партовгоҳи шаҳрӣ ва дар минтақаҳои фурӯраванда бунёд шудаанд, ҷубронпулӣ набояд пардохт гардад: “Зеро ин биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд”.
Аммо як манбаи “Озодагон” аз мақомоти давлатӣ гуфт, ҳукумат медонад, ки бархе аз соҳибони хонаҳои атрофи Душанбе фирефтаи мансабдорони маҳаллӣ шудаанду солҳо кор кардаанд, то кӯлбае бунёд намоянд: “Дар сатҳи ҳукумат медонанд, ки бисёри соҳибони хонаҳо фиребхӯрдаҳои заминфурӯшҳо ва мансабдорони тамаъкори маҳаллӣ мебошанд”.
Манбаъ таъкид намуд, ки воқеан сохтмонҳои ғайриқонунӣ атрофи Душанбе, аз ҷумла дар теппаҳое, ки ба ноҳияи Рӯдакӣ вориданд, ҷой дорад: “Сохтмонҳои ғайриқонунӣ танҳо дар Рӯдакӣ, дар ҳудуди 1300 гектар заминҳои корам ошкор шудаанд. Чарогоҳҳо аз ин ҳам зиёд. Мо ҳамаи инро санҷида, сабт кардем. Ҳозир ҳамаи инро ба ҳукумат пешниҳод кардаем, ки ҳукумат чӣ қарор қабул мекунад. Тасмими ҳукуматро интизорем”. Ҳакими Даврон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |