Райисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе А. Рауфӣ, А. Абдурасулов, З. Шарипов, С.Сафиаллоев, Г. Шарипова, А. Ҳабибов ва А. Сатторӣ ҳисоботи райиси шаҳри Душанберо, ки фарогири самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2011 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.
Дар ҷаласаи вакилони шаҳр қайд гардид, ки мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ 236 иншооти гуногунтаъинотро ба маблағи 2 миллиарду 607 миллиону 319 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар таҷрибаи меъморию сохтмонии кишвар нахустин иншооти 20-ошёнаву тамоюли коргузоридошта ва Боғи мўҳташами дорои ҷузъиёти фарҳангу фароғати муосир баҳри бо истироҳат фарогирии хурду бузурги ҷомеаро армуғони сидқу вафо намуданд дар саҳифаҳои заррини таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.
Қайд гардид, ки соли 2012 соли баҳри коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанбе ва тавассути ташкили ҷойҳои кории нав бо шуғл ва маоши сазовор таъмин намудани корҷўён “Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ” эълон гардида, барои татбиқи ин иқдом мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе азм менамояд, ки дар асоси барномавӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати кўмак ба соҳибкорон маблаѓҳои қарзиро дар тўли соли молиявӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ихтисос диҳад.
Ҳамзамон муқаррар гардид, ки дар соли 2012 бо анҷоми таҳлилҳои амиқ ва муайянсозии сарчашмаҳои молиявӣ Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - “Шароити арзанда”, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёди хонаҳои бисёрквартирадори хизматии 2-3 ҳуҷрадорро барои дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр пешбинӣ менамояд роҳандозӣ шуда, идома ба он, Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ”-ро, ки фаъолияташ аз ҳисоби маблаѓҳои қарзии буҷети шаҳр ва саҳмгузории шаҳрвандон амалӣ гардида, тибқи лоиҳаҳои меъмории каммасрафу иҷтимоӣ бунёди манзили баландошёнаро анҷом дода, бо арзиши аслии сохтмонӣ квартираҳоро ба ашхоси зикргардида аз рўи имкон дастрас месозад, таъсис дода мешавад.
Аз иқдомоти шаҳрдорӣ нахустин шуда ректорони Донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошанд, дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо барои эҳтиёҷи кормандонашон, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёнаро тибқи нақшаи генералии шаҳр анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар қаламрави Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 “30 моҳи ободонӣ ва ташаббусҳои арзанда” эълон карда мешавад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |