ВИДЕОИ суолу ҷавоб бо Раҳимзода: Аз латукӯби Кабирӣ то қатли наздикони Ҳалимов ва қасди ДИИШ дар Кӯлоб
Дар бинои ВКД нишасти хабарии Рамазон Раҳимзода , вазири умури дохилии Тоҷикистон ҷараён дорад. “Озодагон” лаҳза ба лаҳза суолу ҷавоби хабарнигорон бо Раҳимзодаро пешниҳоди хонандаҳо мекунад. Суол: Қатли наздикони Гулмурод Ҳалимовро дар Хатлон шарҳ диҳед? Вазир: Наздикони ин шахс хостанд, ба Афғонистон фирор кунанд ва он ҷо ба сафи гуруҳи ҷиноятӣ пайванданд. Кормандони мо инро муайян намуданд ва ҳангоми амалиёти боздошт ба муқовимати мусаллаҳона рӯ ба рӯ шуданд. Як корманди мо ҷароҳати вазнин бардошт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд, оташ кушоянд. 4 нафар безарар ва 3 каси дигар дастгир шуд. Маълум гардид, ки дар дасти ҳамаи онҳо силоҳ будааст. Суол: Сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти амнияти миллиро дар Кӯлоб шарҳ медодед? Вазир: Аъзои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", хостаанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қатл расонанд. Ба бадани ӯ зиёда аз 20 зарби корд задаанд. Ҳамаи муттаҳамонро боздошт кардем.Суол: Шарҳи Шумо дар бораи худсӯзии ронандаи таксӣ дар назди бинои шаҳрдорӣ? Вазир: Ягон ронандаи таксӣ набуд. Он нафар мушкили оилавӣ дошт. Носолим буд. Як маротиба барои мушкили оилавӣ хонаи хушдоманашро оташ задааст. Ин қазия ба ҳолати хонаводагияш рабт дорад. Ӯ таксист нест, ягон вақт таксист ҳам набуд. Суол: Латукӯби Кабирӣ аз сӯи донишҷӯёни тоҷик дар Теҳрон. Боздоштшудаҳо, ки аз онҳо донишҷӯёни тоҷик ном бурда мешавад, киянд? Вазир: Аз чунин қазия дар Теҳрон огоҳем. Аммо иттилои мушаххас то ҳол надорем, ки кӣ ӯро латукӯб кардааст... Дар сурати дарёфти иттилоъ мо ба ин масъала машғул мешавем. Суол: Дар ВКД чанд нафар зан фаъолият мекунад? Вазир: Дар ВКД 1175 нафар зан фаъолият мекунанд, ки 91 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд. Суол: Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон чӣ қадар аст? Вазир: 339 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Дар умум ҷиноятҳо миёни ноболиғон 17 фоиз коҳиш ёфтааст. Суол: Чанд ноболиғ аз интернет-кафеҳо боздошт гардид? Вазир: Иштироки ноболиғон дар интернет-кафеҳо ва дигар марказҳои дилхушӣ аз соли равон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифт. 4 ҳазору 735 нафар фақат аз шаҳри Душанбе дастгир шудааст, ки нисбати волидони онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шудаанд. Бояд тамоми ҷомеа зидди чунин зуҳурот бошанд. Суол: Нисбати волидон чӣ андешида шудааст? Вазир: 1378 протокол нисбати волидон ба судҳои кишвар равона шудаанд, ки 696 ҳазор сомонӣ барои бемасъулиятӣ ҷарима шудаанд. Суол: Барои ҷилавгирӣ аз гароиш ба ифротгароӣ чӣ корҳо анҷом дода шуд? Вазир: Яке аз вазифаҳои асоси мақомот пешгирии гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ мебошад. Хеле коҳиш ёфтааст, мардум хеле хушҳол шудааст, зеро мардумро фиреб мекарданду ба ин гуруҳҳо мебурданд. 13 нафар имсол ихтиёран ба Ватан баргаштанд. Пушаймонҳо хеле зиёданд, аммо наметавонанд бозгарданд. Мо талош мекунем, ба онҳо кумак кунем. Касе ихтиёран баргардад, аз ҷавобгарӣ озод аст. Суол: Мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ зиёд шудаанд? Вазир: Мошинҳои сиёҳшиша зиёд шудаанд, аммо қонуншиканӣ чандон зиёд нест. 645 ронандагонро барои шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ ҷарима кардем. Ҷарима калон аст, танҳо аз ин ҳисоб қариб 2,5 миллион сомонӣ ҷарима ба буҷа ворид шуд. Суол: Барои ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ тариқи интернет чӣ кор кардед? Вазир: Теъдоди зиёди ҷавонон ба ифротгароӣ тариқи интернет ҷалб шудаанд. Мо инро ба назар гирифта, сохторҳои махсус вобаста ба чунин ҷинояткориро ташкил кардем. Танҳо имсол 137 ҷинояткориро дар ин самт ошкор кардем. Барои пахши идеяҳои зиддиконститутсионӣ 78 сомона банд шудаанд. Масъалаи мазкур, яке аз мавзуъҳои муҳим байни Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо аст. Сол аз сол гаравиши ҷавонон коҳиш ёфтааст. Имсол 13 ва соли гузашта 70 нафар ихтиёран аз ҷангҳои хориҷӣ ба Ватан баргаштанд. VIDEO
Идомаи суолу ҷавоб бо Рамазон Раҳимзода
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31