Изҳороти “Ховар”: СҲШ ҳизби наҳзатро “созмони террористӣ” эълон кард
Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба феҳрасти гуруҳҳои “террористӣ-экстремистӣ” ворид кардааст.
Ин хабаргузории расмии Тоҷикистон 20 июл бо нашри як изҳорот навишт, ҲНИТ аз сӯи ин сохтор 29 январи соли 2016, “дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст”, таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид шудааст: “Ҳамин тариқ, СҲШ, ки 8 кишвари бузурги ҷаҳонро бо қаламрави умумии 3,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дар бар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кард”.
“Ховар” мегӯяд, 11-12 июли соли равон Аҳат Мукашев, муовини директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ “дар ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN дар самти фаъолияти Интерпол ва политсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон баромад намуда, изҳор дошт, “афзалияти калидии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ нишон додани муқобилият зидди террористон — ҷангиёни хориҷӣ мебошад” ва бо ин ҳадаф “табодули маълумот оид ба фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” ва ғайра ба роҳ монда шудааст”.
Давоми як ҳафтаи охир ин бори дуввум аст, ки дар хабаргузории “Ховар” ба ин монанд хабарҳое нашр мегардад. 15 июл низ ин расона навишта буд, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҲНИТ-ро ҳизбро “террористӣ ва экстремистӣ” эълон кардааст. Ҳанӯз ҳеч мақоми расмии Тоҷикистон ё СҲШ ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст. Аммо тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти “Ховар”-ро беасосо хондаанд.
ҲНИТ, ки ягона ҳизби исломии расмӣ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ дониста мешуд, баъди ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 аз сӯи Додгоҳи олии кишвар ҳизби террористб эълон гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |