Вазир: Зӯри буҷа барои кӯмак ба бонкдорҳои бекормонда намерасад

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди кормандонеро, ки дар пайи буҳрон аз ҷои кор ихтисор шудаанд, ҳудуди 8 ҳазор нафар гуфт.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, махсусан соли гузашта ихтисори кормандони бонкҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ зиёд буд: “Имсол камтар шудааст”.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон давлат уҳдадор аст, дар моҳҳои аввал ба кормандони ихтисоршуда аз ҷои кор кӯмакпулӣ ироа кунад. Аммо Тағойзода мегӯяд, кормандони ихтисоршудаи бонку ташкилотҳои хориҷӣ маоши баланд мегирифтанд ва зӯри буҷа барои пардохти кӯмакпулӣ ба онҳо намерасад: “Шикоятҳо дар ин маврид зиёданд”.
Бобохон Баротзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шарҳ дод, ки кӯмакпулӣ бояд давоми се моҳ ба шаҳрвандоне дода шавад, ки аз ҷои кор ихтисор шудаанд: “Моҳи аввал 50 фоизи маош, моҳи дуюм 40 дарсад ва моҳи сеюм 30 дарсади маош пардохта мешавад. Дар ин муддат мо ба шаҳрвандони бекормонда, ду ҷои корро пешниҳод мекунем, вақте ӯ рад мекунад, аз рӯйхати кӯмакгирандаҳо лағв мешавад”.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, довталабони гирифтани мақоми бекорӣ зиёданд, аммо буҷет имконият намедиҳад, ки ҳамаро ба қайд гирему кӯмакпулӣ диҳем: “Ин барномаи сирф иҷтимоӣ аст ва бештар ба ҷавононе, ки аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаанд, озодшудаҳо аз маҳбас бартарӣ дода мешавад”.
Тибқи иттилои Вазорат то ҳол 5047 нафар аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ бархӯрдор шудаанд ва ният доранд, ки теъдоди кӯмакгирандаҳоро дар соли равон ба 6257 нафар расонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |