Раиси Кумитаи сохтмон: "Сафед-дара" лағжид... (ВИДЕО)

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, лағжиши биноҳои навбунёди маҷмааи куҳию лижаронии “Сафед-дара”-ро тасдиқ кард.
Аҳмадзода имрӯз, 19-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, дар маҷмааи “Сафед-дара” гуруҳи корӣ фаъолият дошт: “Ин лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ нагузашта буд. Дар он ҷо лағжиш шуд. Барои ҳамин мегӯем, ки ҳамаи проектҳо аз ташхиси давлатӣ гузаронда шаванд, то мо кафолат диҳем, ки ин бино устувор аст”.
Раиси Кумитаи сохтмон афзуд, ки дар “Сафед-дара” феълан ислоҳи камбудиҳо идома доранд ва маҷмаа барқарор хоҳад шуд.
Маҷмааи “Сафед-дара”, ки бо харҷи маблағҳои ҳангуфт бо тарзи муосир сохта шуд, соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт. Аммо бархе манобеъ иттилоъ доданд, ки ба истиснои бинои замони шӯравӣ бунёдгардида, бархе аз иншооти навбунёд лағжиданд.
Аввали соли гузашта Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии кишвар дар Бритониёи Кабир раҳбари Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан бо нашри як иттилоия хабар дода буд, ки Соҳибов барои рушди намудаҳои зимистонаи варзиш барномаи хубро пешниҳод кардааст. Ин ниҳод таъкид карда буд, ки таҷдиду бунёдкориҳо дар Сафед-дара низ маҳз бо дастгирии Шамсулло Соҳибов сурат гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |