Ин ҷаласа мавзеъи роҳпаймоиро аз майдони “Ботлоқзор” -и Маскав ба майдони Сахаров табдил кард.
Дар ҳамин ҳол пулиси Маскав гуфтааст, нерӯҳои иловагиро барои нигаҳдории тартибот ҳангoми баргузории ҳамойиш сафарбар нахоҳад кард. Аз он ки ин митинг иҷозаи баргузориро пайдо кардааст, кормандони пулис дар ҳайати муқаррарӣ ва реҷаи доимӣ фаъолият хоҳанд кард, гуфтааст пулиси Маскав.
Ёдовар мешавем, ки баъди интихоботи порлумонии 4 декабр мардуми аз натоиҷи он норозӣ ба майдонҳои Инқилоб ва баъдан ба майдони “Ботлоқзор” рехта, нидои эътирозии худро ба мақомоти расмии Русия иброз карда буданд. Аммо ҷонибдорони ҳукумати вақти Русия низ ҳамойиши ҷавобиро бар муқобили норозиён доир карданд, ки ин барои дубора сари майдон нишастани эътирозгарон сабаб гардид.
Зимнан, мухолифини Кремл даъво доранд, ки ҳудуди беш аз 70 ҳазор мардумро ба майдон хоҳанд кашид.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |