Духтари Эмомалӣ Раҳмон муовини тағояш шуд
Зарина Раҳмон, духтари шашуми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси “Ориёнбонк” таъин шудааст.
“Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, тағои Зарина Раҳмон раҳбарӣ мекунад. Радиои Озодӣ мегӯяд, духтари Президент аз оғози соли равон ба ин мақом расидааст. “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҷмӯи дороиҳои бонк дар як соли қабл 2 милларду 428 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Зарина Раҳмон 23 сол дошта, фориғутаҳсили як коллеҷ дар Британияи Кабир мебошад. Ӯ соли 2010 як муддат ба ҳайси ровии бахши англисии барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуд.
Бино ба хабарҳо, Зарина соли 2013 бо Рамз Зуҳуров, писари бузурги Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон издивоҷ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |