Ректори Донишгоҳи тиббӣ дар бораи шаффофият ҳангоми супурдани имтиҳонот (ВИДЕО)

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегӯяд, сифати таълим дар донишгоҳи онҳо ба куллӣ тағйир ёфта, шаффофият ҳангоми супоридани имтиҳоноти дохилшавии довталабон пурра таъмин гардидааст.
Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти хабарии ахираш дар Душанбе гуфт, назорат дар масъалаи саволномаи тестии донишҷӯёнро низ ҷиддӣ гирифтаанд. Ба таъкиди ӯ, қаблан дар саволномаи тестӣ ҷавобҳои дуруст ва нодурсти саволҳо мавҷуд буд ва ҳоло онро аз миён бардоштаанд: “Он нафаре ки барои супоридани имтиҳонҳо дар мизи компютер менишинад, худ медонаду ҳамон компютер. Худаш фикр карда посух медиҳад ва компютер баҳогузорӣ мекунад. Мо фақат саволҳоро ба донишҷӯй пешниҳод мекунем, дар асоси китоб хондан ё ин ки бо истифода бурдан аз технологияҳои муосир ҷавоб мегардонад. Азёд кардан ё таҳлил кардани тестҳо ба назар намерасад, яъне имрӯз донишҷӯён ба китобхонӣ шурӯъ кардаанд”.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ шумораи муҳасилини донишгоҳ сол то сол афзоиш ёфта, теъдоди онҳо аз 9571 нафари соли гузашта, ба 10372 нафар расидааст. Аммо ӯ афзуд, бо зиёд шудани шумораи донишҷӯён ҳоло мушкили ҷой ба миён омадааст: “Дар асоси нақша-чорабиниҳои пешбинишуда давоми ду сол ин норасоиро ҳал хоҳем кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |