Тавре Абдуфаттоҳ Шафиев, ҳамоҳангсоз оид ба IDRL намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, зимни нишаст натиҷаҳои таҳлили қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули ёриҳои байнулмилалии башардӯстона ва наҷотбахшон дар ҳолати рух додани ҳодисаи фавқулода ва мувофиқатиҳояшон ба қонуни байнулмилалии вокуниш ба офати табиӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ афзуд, ҳамойишбо ибтикори Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), муштаракан бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) сурат пазируфт. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ҶҲАТ, БР СММ ва ФБҶ СС ва ҲА, инчунин масъулини ниҳодҳои қонунгузориҳои феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба қабули ёриҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, қоидаҳои байнулмилалии қабули ин ёриҳо, норасоиҳои эҳтимолӣ ва қадамҳои баъдӣ дар ин самтро ба муҳокима гирифтанд.
Шамсуддин Муҳуддинов, раҳбари барномаҳои мудирияти офатҳо дар ФБҶ СС ва ҲА, иброз дошт, ки ҳадаф аз барномаи IDRL –коҳиши осебпазирии мардум дар ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи мусоидат ба омодагии ҳуқуқии кишварҳо мебошад: “Тавассути ташвиқоту ироаи иттилот, ёрии фаннӣ, баргузории пажӯҳишот ва давраҳои омӯзишӣ мо талош мекунем, то кишварҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ омодаи пазириши ёриҳо бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми сар задани офатҳои бузургҳаҷми табиӣ, ёрии байнулмилалӣ, мутаассифона, на ҳамеша ба афроди ниёзманд ба гунаи лозим мерасад”. Номбурда ҳамчунин гуфт, масалан, монеъаҳои бюрократии марбут ба раводид, сабти номи ёрирасонҳо, сабти номи гумрукӣ, андозбандӣ, иҷозадиҳӣ ба нақлиёт ва ғайра дар баъзе ҳолатҳо раванди ироаи ёриҳоро заиф мегардонанд. Ҳамчунин, мушкили назорат ва ҳамоҳангии фаъолияти созмонҳои ёрирасон дар баъзе ҳолатҳо сабабгори вуруди молҳои пастсифат, такрори фаъолиятҳо ва ҳатто адами эҳтиром ба афроди ниёзманди ёрӣ мегардад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳамойиши 31-уми байнулмилалии СС ва ҲА, ки дар аввали ҳамин моҳ дар Женева баргузор гардид, пешрафтҳои ҷиддӣ дар роҳи иҷрои “Роҳнамо” қадрдонӣ шуданд. Аз давлатҳои ҷаҳон даъват шуд, то низоми ҳуқуқии худро дар ин самт таҳлил намоянд ва тақвият бахшанд ва имкони истифода аз “Роҳнамо”-ро низ ба назар бигиранд. Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ, ки дар ин нишаст иштирок карда буд, мегӯяд, дар нишаст намунаи қонун оид ба мусоидат ва танзими фаъолияти байнулмилалӣ ҷиҳати мубориза бо офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии аввал тасдиқ гардид.
Таҳлили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби БР СММ гузаронида шуд, нишон дод, ки сарфи назар аз мавҷудияти қонунгузорӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои бузургҳаҷми фавқулодда дар Тоҷикистон, ин самт баъзе беҳбудиҳо мехоҳад. Хонум Гуля Ғоибова, муаллифи ин таҳлил, ба ин назар аст, ки Тоҷикистон раванди қабули ёриҳои байнулмилалӣ дар ҳангоми рух додани ҳолати бузургҳаҷми фавқулода мавҷуд нест. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар тасмиме ва ё раванде дар ин замина дафъатан ҳангоми ниёз ба ёриҳои байнулмилалӣ гирифта мешавад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |