Барканории раиси суди Рӯдакӣ: Чӣ гуна номзадии қонуншиканҳо то мизи Президент мерасад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17 июл бо имзои як фармон Исмоил Мирмахсумиён судяи Суди ноҳияи Рӯдакиро барканор кардааст.
Дар фармони барканории Мирмахсумиён, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи фаъолияташ дар ин мақом содир шуд, сабаб-риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо нишон дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки 30 июн дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз барканории Тоҷиддин Қурбониён, судяи суди ноҳияи Панҷ барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо хабар дода буд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди Қурбониён гуфт, ӯ дар гирифтани 1000 сомонӣ пора муттаҳам мешавад ва феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Ба суоли “Озодагон”, ки чӣ гуна номзадии афроди фасодкор то ба мизи раисиҷумҳур мерасад ва номзадҳоро кӣ ба Президент пешниҳод мекунад, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, раванди пешниҳоди номзадҳо хеле ҷиддӣ аст. Ӯ гуфт, фасодкории судҳо низ зиёд нест: “Агар соли гузашта 3 судя ба қонуншиканӣ даст зада бошанд, имсол ҳамагӣ як ҳолат ҷой дорад”.
Раиси Суди Олӣ шарҳ дод, “шахсоне, ки ба мақоми номзад ба судягӣ пешниҳод мешаванд, бояд давоми як сол ба ҳайси коромӯз кор кунанд. Коромӯз дар асоси озмун қабул мешаванд. Дар ҳайати гурӯҳе, ки имтиҳонро баргузор мекунад, намояндагони Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратура, Донишгоҳи миллӣ ва Агентии хизмати давлатӣ шомил буда, довталабон аз имтиҳони ҷиддӣ мегузаранд. Баъди як сол ҳар яки онҳо аз ҷониби Коллегияи тахассусӣ мавриди омӯзиши дигарбора қарор дода мешаванд ва хулосаи комиссия ба раиси Суди Олӣ пешниҳод мегардад. Дар навбати худ раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ номзадии ин ин ё он ҳуқуқшиносро ба Президент пешниҳод мекунад”.
Шоҳиён шумораи умумии судяҳоро зиёда аз 440 нафар гуфта, таъкид намуд, ки тамоми чораҳоро андешида истодаанд, то миёнашон қонуншиканӣ сурат нагирад. Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, афроди тасодуфӣ ба фаъолияти додгоҳӣ роҳ намеёбанд, зеро кори судяҳо пурмасъул буда, тақдири инсонро ҳал мекунад: “Судя мустақил аст, аз номи давлат қарор қабул мекунад ва дар навбати худ вазифадор аст, ки дар ҷомеа адолат ва қонуниятро таъмин кунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |