Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Раиси Суди Олӣ: Парвандаи Холмуродзода, Хайрзода... ба суд ворид шуд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки парванда алайҳи кормандони воломақоми Оҷонсии зидди фасод ба додгоҳ ворид шудааст.
Шоҳиён имрӯз, 17-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки “атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст”.
Шоҳиён афзуд, ки номи масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод аллакай дар расонаҳо ҳаст. Ба гуфтаи раиси Суди Олӣ инҳо Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Фирӯз Холмуродзода, сардори раёсати тафтишот, як сардори дигари раёсат, дар умум парвандаи 10 масъули Оҷонсӣ ба додгоҳи олӣ ворид шудааст.
Раиси Суди Олӣ таъкид кард, ки собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод дар гирифтани пора, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд: “Парвандаҳои мазкур ба таври махфӣ тафтиш шудаанд ва рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста оғоз мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |